Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Медведев хостори амнияти русҳои Қирғизистон шуд


Дмитрий Медведев, раисиҷумҳури Русия имрӯз ба вазорати дифоъи кишвар амр кард, ки амнияти русҳои муқими Қирғизистонро таъмин намояд. Аз ин пеш вазорати умури хориҷии Русия изҳор карда буд, ки нооромиҳо дар деҳаи Маёвкаи канори Бишкек алайҳи русҳо равона нашудааст. Рӯзи сешанбе дар ин деҳа тақрибан 800 нафар роҳи кафили мири шаҳр Исо Омурқуловро бастанд ва талаб карданд, ки ҳукумати муваққат барои ҳар яки онҳо замин ҷудо кунад. Як рӯз пеш бар асари бенизомиҳо дар Маёвка панҷ нафар кушта ва беш аз 40 тани дигар маҷрӯҳ шуданд. Тақрибан ҳазор нафар одамони норозӣ талош карданд, ки заминҳои русҳо ва туркҳои месхетии муқими ин деҳаро ғасб намоянд. Чандин манзил ва мошин ба оташ кашида шуд, даҳҳо нафар дастгир шуданд.
Дар ҳамин ҳол имрӯз Александр Лукашенко, раисиҷумҳури Белорус, изҳор намуд, ки Қурмонбек Боқиев, раҳбари барканоршудаи Қирғизистон ва аҳли хонаводааш айни ҳол дар Минск ба сар мебаранд ва аз ташхиси тиббӣ мегузаранд. Дирӯз хабаргузориҳо навиштанд, ки Боқиев Қазоқистонро тарк намуд ва аммо ба кадом кишвараш рафтанаш то шоми имрӯз маълум набуд. Ҳукумати муваққати Қирғизистон изҳори итминон кард, ки Минск то рӯзи мурофиаи додгоҳӣ алайҳи Боқиев амнияти раисиҷумҳури пешинро таъмин хоҳад намуд.
XS
SM
MD
LG