Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳавопаймоҳо парвозҳоро аз сар гирифтанд


Бархе аз ширкатҳои ҳавопаймоии Аврупо парвоз ба шаҳрҳои манотиқи шимолии қораро аз сар гирифтанд. Ин тасмим барои нахустин бор баъд аз он гирифта шуд, ки ғубор ва хокистари ношӣ аз вулқон ё оташфишон дар Исландия фазои аксари кишварҳои аврупоиро барои парвози ҳавопаймоҳо ғайримумкин гардонд.
Ба иттилоъи хабаргузориҳо, фақат иддае аз ҳавопаймоҳо барои парвоз иҷоза гирифтанд, ҳарими ҳавоии бархе аз кишварҳо, аз ҷумла, Британия, барои парвози ҳавопаймоҳо ҳамоно баста аст. Бар пояи пешгӯиҳои Созмони ҷаҳонии ҳавошиносӣ, охирҳои ҳамин ҳафта ғубору хокстари вулқон ҷониби Арктика ҳаракат хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG