Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шумораи қурбониёни зилзилаи Чин аз 2000 нафар гузашт


Чин чаҳоршанберо рӯзи мотами миллӣ дар ҳаққи қурбониёни заминларза дар манотиқи ғарбии ин кишвар эълон кард. Ин изҳорот дар ҳоле садо дод, ки бино бар омори расмӣ шумори онҳое, ки дар ин зилзила ба ҳалокат расиданд, 2039 нафар эълон шуд ва боз 195 нафар ҳанӯз бенишонанд. Зилзила чаҳоршанбеи гузашта минтақаи асосан тибетинишини Қинғайро такон дод ва ҳазорон манзилро ба хок яксон кард.
XS
SM
MD
LG