Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иттиҳодияи Аврупо мегӯяд, амнияти мусофирон муҳим аст


Иттиҳодияи Аврупо мегӯяд, бо вуҷуди амиқтар рафтани бӯҳрон дар арсаи ҳавопаймоӣ, амнияти мусофиронро зери хатар нахоҳад гузошт. Дар айни ҳол, Хоакин Алмуниа, кумиссионери умури рақобат дар Иттиҳодияи Аврупо, гуфт, ширкатҳои ҳавопаймоӣ, ки аз бӯҳрон зиён дидаанд, ҳаққи дарёфти кӯмакҳои давлатиро хоҳанд дошт. Чанд рӯз боз аст, ки бисёре аз ҳарими ҳавоии кишварҳои аврупоӣ, бинобар паҳн шудани хокистари як вулқон дар Исландия баста мемонад. Ширкатҳои ҳавопаймоӣ бар асари муттавақиф шудани парвозҳо, ҳар рӯз тақрибан 250 миллион доллар зиён мебинанд. Иттиҳодияи байналмилалии ҳавонавардӣ имрӯз амалкарди ҳукуматҳои Аврупо дар расидагӣ ба бӯҳронро “ғайриҳирфаӣ” хонда ва хост то бо андешидани иқдомоти мушаххас қаламравҳои ҳавоиашонро дар наздиктарин фурсат барои парвоз боз кунанд. Ширкатҳои бузурги ҳавопаймоӣ гуфтанд, ки парвозҳои озмоишӣ, ҳеҷ гуна таъсири бади хокистарро нишон надод, аммо як мақоми баландпояи Амрико гуфтааст, ки дар муҳаррики як ҳавопаймои низомии F-16 НАТО таҳшини хокистар ёфт шудааст.

XS
SM
MD
LG