Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Расми дафни президенти Лаҳистон


Даҳҳо ҳазор нафар, аз ҷумла сарони кишварҳои хориҷӣ, дар расми дафни президенти Лаҳистон Лёх Качински ва 95 нафари дигар, ки 10-уми апрел дар суқути ҳавопаймо ба ҳалокат расиданд, ширкат карданд. Ин маросим рӯзи якшанбе доир шуд.

Тобути президенти Лаҳистон ва ҳамсари ӯ бо ҳавопаймои ҳарбӣ ба Краков интиқол дода шуда, сипас корвони видоъкунандагон онро то Калисои Марияи муқаддас ҳамроҳӣ карда, дар ин ҷо расми дафн ба вуқӯъ пайваст.

Хешовандон, иҷрокунандаи вазифаи президент Бронислав Комаровски, сарвазир Доналд Таск ва ҳамчунин сарварони Русия, Олмон, Ҷумҳурии Чех, Озарбойҷон, Гурҷистон, Словакия, Маҷористон, Руминия ва Украина дар байни 700 сӯгвори дохили калисо ҳузур доштанд.

Раисиҷумҳури Иёлоти Муттаҳида Барак Обама, садри аъзами Олмон Ангела Меркел ва президенти Фаронса Никола Саркозӣ ба иллати бӯҳрон дар масирҳои ҳавоии Аврупо натавонистанд, дар расми дафн ширкат кунанд.

Poland's President Buried in Krakow
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:50 0:00


Хабарнигори бахши озарии Радиои Аврупои Озод-Радиои Озодӣ, Анна Замейч, ки дар байни 30 ҳазор нафар расми дафни мушоҳида мекард, чунин мегӯяд: "Қатъи назар аз он ки мардум дар бораи президент Лёх Качински ва ҳамсари ӯ чӣ фикр доштанд, ин лаҳзаҳо ҳама яксон дар андӯҳанд. Бо вуҷуди он ки ҳазорон нафар дар хиёбони марказии Краков ҷамъ омадаанд, садое шунида намешавад. Одам зиёд аст ва ҷое нест, сӯзан биафтад. Ҳама дар мотами худ бо ҳам дар иттиҳоданд."

Дар лаҳзаҳои дафни ҳамсарон качинскиҳо дар паҳлуи подшоҳон, қаҳрамҳонони миллӣ, рӯҳониён ва шоирони Лаҳистон ба ҳаво тир холӣ шуда, парчамҳои миллӣ бо наворҳои сиёҳ сар ба зер ҳамоил шуданд.

Президенти Лаҳистон Лёх Качински, ҳамсари ӯ ва 94 сарнишини дигари ҳавопаймо, аз ҷумла чанде аз чеҳраҳои саршиноси Лаҳистон рӯзи 10-уми апрел ҳангоми сафар ба Русия барои ширкат дар расми гиромидошти хотираи қурбониёни Хатин, ҳазорон асири ҳарбии лаҳистонӣ, ки аз тарафи хадамоти махфии Шӯравӣ 70 сол пеш кушта шудаанд, дар наздикии Смоленск дар суқути ҳавопаймо ба ҳалокат расиданд.
XS
SM
MD
LG