Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қирғизистон баъд аз фирори Қурмонбек Боқиев


Қурмонбек Боқиев, раисиҷумҳури барканоршудаи Қирғизистон, 15-уми апрел зодгоҳи худро тарк кард. Субҳи рӯзи дигар дар Ҷалообод эҳсос карданд, ки вай аз худ барои сокинони ин минтақа мушкилиҳои зиёд боқӣ гузоштааст.

Аз ҷумла, субҳи барвақт дар дарвозаи даромади бинои ҳукумати вилоят шиоре овезон карда буданд, ки рӯи он чунин навишта шуда буд: "Ҷонибдорони Боқиев душманони мардуманд". Ҳатто баъзеҳо аз сокинони Ҷалолобод дархост мекарданд, ки мақомоти раҳбарии ҳукумати Боқиев ва ҷонибдорони вайро, ки то ҳол дар минтақа ба сар мебаранд, ба қатл расонанд.

Вақте, ки Боқиев шаби 15-уми апрел шитобзада Ҷалолободро тарк мекард, вай бештар аз 1000 нафарро, ки чанд рӯз шиорҳо дар даст бо вай раҳпаймоӣ анҷом медоданд, аз суханрониҳои вай дар тазоҳурот ҷонибдорӣ мекарданд ва дар зодгоҳаш шаҳраки Тейит ва Ҷалолобод аз вай ҳимоят мекарданд, дар ин минтақа гузошт.

Вақте, ки Брус Панир ва Мирасрори Фарғонӣ, хабарнигорони радиои Озодӣ, 16-уми апрел, яъне субҳи рӯзи дигари фирори Боқиев, ба зодгоҳи вай шаҳраки Тейит роҳ пеш гирифтанд, ҷонибдорони вай ҳамчунон роҳро ба сӯи ин шаҳрак баста буданд, дар ҳоле, ки вай дигар дар ин кишвар набуд.

Онҳо иддао мекарданд, ки ҳимояти хонавода ва хешовандони Боқиевро идома медиҳанд, онҳоеро, ки ҳанӯз дар он ҷо зиндагӣ мекунанд. Шояд онҳо барои муддати тӯлонӣ дар он ҷо намонанд.

Нуктаи дигар ин аст, ки дар пештоқи бинои ҳукумати маҳаллӣ низ шиоре собиқае овезон буд. Касе аз дохил ба берун намеомад ва маҷоли бардоштани онро надошт.

Тааҷҷубовар буд, ки мардуми гирдиҳамомада дар назди бинои ҳукумати маҳаллӣ байни худ чӣ мегуфтанд. Шояд онҳо мақомоти вилоятиро масъули музокирот ва тавофуқот дар бораи фирори Боқиев ва раҳоии вай аз муҷозот медонистанд.

Гуфтугӯи онҳо шояд дар бораи мақомоте буд, ки ҳамон субҳи баъд аз фирори Боқиев ба раҳбарии вилоят таин шуда буданд, яъне баъд аз он, ки ҳавопаймои низомии Қазоқистон Боқиевро ба хоки Қазоқистон расонд. Ҳоло шояд бештар дар ҳамин бора мардуми Ҷалолобод байни худ сӯҳбат мекунанд.

Вале як нуктаи дигар ҷалби таваҷҷӯҳ мекунад, ки ҷонибдорони Бақитбек Қалиев, вазири пешини дифои Қирғизистон, варақаҳоеро ба якдигар медоданд. Дар ин варақаҳо ёдоварӣ мешавад, ки онҳо сарбозони артиши Шӯравӣ дар Афғонистон будаанд ва ахиран ҳам дар Қирғизистон.

Бақитбек Қалиев дар Тейит бо Боқиев ҳамроҳ буд, вале нагзоштанд, ки вай як ҷо бо Боқиев ба ҳавопаймои низомии Қазоқистон нишинад. Баъд аз ба ҳаво бархостани ҳавопаймо билофосила вазири пешини дифоъро боздошт карданд.

Дар Ҷалобод хиёбони марказии Экобонк рӯзи ҷумъа холӣ шуд ва он бори дуввум дар як ҳафтаи ахир аст. Дигар рӯзҳо ин хиёбон пур аз тазоҳуркунандагон буд. Холӣ шудани ин хиёбон гувоҳӣ медод, ки зиндагӣ дар Ҷалолобод ба маҷрои маъмулии худ бармегардад.

Вале буду боши рӯзҳои ахири Боқиев дар ин минтақа, ки маҷмуан чанд рӯз давом кард, дар миёни аҳолии ин минтақа тафриқаҳои зиёде бар ҷой гузошт. Ба эҳтимоли зиёд "мазза"-и пайомадҳои ин тафриқаҳоро барои муддати тӯлонӣ мардум хоҳанд "чашид".
XS
SM
MD
LG