Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Қирғизистон дастури боздошт содир шудааст


Ҳукумати муваққати Қирғизистон бар зидди ононе, ки дар солҳои ҳокимияти Қурмонбек Боқиев ҷиноят содир кардаанд парвандаи ҷиноӣ боз мекунад. Азимбек Бекназаров-муовини раиси ҳукумати муваққат, ки сарпарастии умури амниятиро бар душ дорад, рӯзи шанбе гуфт, барои ҷиноятҳо, аз ҷумла ришвахорӣ, хешу қавмпарастӣ ва куштори рӯзноманигорону сиёсатмадорон 200 парванда боз шудааст. Вай афзуд барои боздошти муттаҳидон ва аъзои хонаводаи Боқиев, аз ҷумла бародараш Жанибек, ки фармондеҳи горди раёсати ҷумҳурӣ буд, дастури боздошт содир шудааст. Боқиев, ки ба Қазоқистон фирор кардааст, мегӯяд, ки вай ва атрофиёнаш дар ҳеҷ ҷиноят даст надоранд.
XS
SM
MD
LG