Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия нархи газро барои Украина коҳиш медиҳад


Раисиҷумҳури Русия, Дмитрий Медведев, гуфт, кишвараш имкони коҳиши нархи газ барои Украинаро баррасӣ мекунад. Вай афзуд, ин масъаларо дар ҷараёни сафараш ба Киев ва мулоқоташ бо раисиҷумҳури нави Украина, Виктор Янукович дар ҳафтаи оянда ҳал хоҳад кард. Муносибатҳои байни ду кишвар пас аз президенти Украина интихоб шудани Янукович дар моҳи феврали гузашта ба таври куллӣ беҳбуд ёфтанд. Янукович як сиёсатмадори рӯ ба Маскав шинохта мешавад.
XS
SM
MD
LG