Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама кайҳоннавардонро ба Миррих мефиристад


Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико, барномаи нави кишвараш барои иктишофи кайҳонро эълом кард ва гуфт, имкон дорад, то миёнаҳои солҳои 2030 кайҳонавардони амрикоиро ба мадори Миррих бифристанд.

Ҳангоми суханронӣ дар Маркази кайҳонии Кеннедӣ дар аёлати Флорида ӯ гуфт, яке аз вазифаҳои кайҳоннавардони кишвараш нахуст парвоз ба як астероид ва ё шиҳоби осмонист.

Обама гуфт, “мо интизор дорем, ки то соли 2025 киштии кайҳонии дурпарвоз бисозем, ки тавонад нахустин парвозҳо бо сарнишинон ба кайҳони дурдастро анҷом диҳад”.

То 30 соли дигар, ба эътиқоди Барак Обама, онҳо қодир хоҳанд буд, ба мадори Миррих рафта ва амн ба Замин бозгарданд. Баъди ин, ба гуфтаи Барак Обама, фуруд дар рӯи ин курраи асроромез имконпазир хоҳад шуд.

Барак Обама аз ихтисоси 6 миллиард доллари изофӣ барои кори НАСА - Оҷонси кайҳоншиносии Амрико ҳимоят кард. Вай гуфт, дар чаҳорчуби барномаи нави кайҳонӣ дар давоми ду соли оянда 2 500 ҷойи кории нав фароҳам хоҳад шуд.

Ӯ гуфт, ҳоло фурсати парвоз ба дуртар аз курраи Моҳ ва иктишофи манотиқи дуртари кайҳон расидааст ва ин маъмурият на хушгузаронии вақт, балки барои ояндаи Амрико бисёр муҳим мебошад.

Боздиди Барак Обама аз маркази кайҳонии Амрико дар ҳолест, ки тасмими қаблии ӯ дар бораи қатъи барномаи парвозҳои инсон ба моҳ бо интиқоди шадид рӯбарӯ шуда буд.

Моҳи феврали соли ҷорӣ Кохи сафед эълон кард, барномаи парвозҳоро ба моҳ, ки дар замони Ҷорҷ Буш оғоз шуда буд, маҳдуд мекунад. Тибқи ин барномаи пешина, дар курраи моҳ мебоист истгоҳи кайҳонӣ бунёд мешуд ва аз ин истгоҳ парвозҳо ба Миррих ва дигар нуқтаҳои дурдасти кайҳон сурат мегирифт.
XS
SM
MD
LG