Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама парвоз ба Миррихро имконпазир медонад


Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико, барномаи нави кишвараш барои иктишофи кайҳонро эълом кард ва гуфт, имкон дорад, то 30 соли дигар инсонро ба мадори Миррих бифристанд. Ҳангоми суханронӣ дар Маркази Кайҳонии Кеннедӣ дар аёлати Флорида, ӯ гуфт, яке аз вазифаҳои кайҳоннавардони кишвараш, нахуст парвоз ба як астероид ва ё шиҳоби осмонист. То 30 соли дигар ба эътиқоди Барак Обама, онҳо қодир хоҳанд буд, ба мадори Миррих рафта ва амн ба Замин бозгарданд. Баъди ин ба гуфтаи Барак Обама фуруд дар рӯи ин курраи асроромез имконпазир хоҳад шуд. Барак Обама аз ихтисоси 6 миллиард доллари изофӣ барои кори НАСА, Оҷонси Кайҳоншиносии Амрико ҳимоят кард. Ӯ гуфт, ҳоло фурсати парвоз ба дуртар аз курраи Моҳ ва иктишофи манотиқи дуртари кайҳон расидааст ва ин маъмурият на хушгузаронии вақт, балки барои ояндаи Амрико бисйор муҳим мебошад. Барак Обама чанде пеш барои даст кашидан аз барномаи фуруди дигарбора дар курраи моҳ мавриди интиқод қарор гирифт.
XS
SM
MD
LG