Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боқиев ба Қазоқистон фирор кардааст


Бино ба хабарҳои тоза расида , раисиҷумҳури барканоршудаи Қирғизистон Қурмонбек Боқиев имрӯз ба Қазоқистони ҳамсоя парвоз кард ва ба ин тартиб, Қирғизистонро тарк мекунад. Аммо ин хабар ҳанӯз расман тасдиқ нашудааст.
Фирори Боқиев аз кишвар ба дунболи рӯйдодҳои имрӯза дар шаҳри ҷанубии Ӯш аст, ки муҳофизони ӯ ба хотири таъмини роҳи фирори ӯ аз миёни издиҳоми мухолифинаш ба ҳаво тир андохтанд. Дар бораи осеб дидани касе гузориш нашудааст.
Тирандозӣ ба дунболи ба маҳалли раҳпаймоии тарафдорони Боқиев рехтани издиҳоми мухолифини ӯ, ки тазоҳуроти алоҳида барпо карда буданд, рух дод. Дар пайи тирандозӣ Боқиев ба мошинаш нишаста, тарки Ӯш кард.
Қурмонбек Боқиев дар пайи ошӯбҳои хунини 7 апрел, ки мунҷар ба ҳалокати беш аз 80 нафар шуд, аз Бишкек ба зодгоҳаш – Ҷалолобод дар ҷануби Қирғизистон фирор кард.
Ӯ ахиран гуфт, омода ҳаст, дар ивази тазмини амнияти ӯву аҳли хонаводааш истеъфо диҳад. Аммо ҳукумати муваққат гуфтааст, ки Боқиев бояд ба масъулият кашонида шавад.
Маскав мегӯяд, ки сарвазири Русия Владимир Путин тавассути телефон бо Боқиев сӯҳбат доштааст. Аммо ҷузъиёти ин гуфтугӯи шаби чоршанбе ироа нашудааст.
XS
SM
MD
LG