Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздиди Йосипович аз ҷабҳаҳои собиқи ҷанги Буснӣ


Раисиҷумҳури Хорватия Иво Йосипович имрӯз хотираи қурбониёни мусалмон ва ҳамин тавр, хорватҳои кушташуда дар ҷанги дохилии солҳои 90 дар Бусниро гиромӣ дошт, ки як иқдоми хеле рамзӣ дониста мешавад. Ӯ нахустин раҳбари Хорватия аст, ки хотираи мусалмонони кушташуда дар ҷанги Бусниро гиромӣ медорад. Ҳарчанд хорватҳои Буснӣ дар бештари 4 соли ҷанг дар муқобили сербҳо аз муттаҳидини мусалмонон буданд, вале байни хорватҳову мусалмонҳо низ дар солҳои 1993 ва 1994 даргириҳое иттифоқ уфтод. Йосипович, ки бо як сафари дурӯза дар Буснӣ ба сар мебарад, имрӯз аз рустоҳои Аҳмичӣ ва Крижанчево Село, ду рамзи набардҳо байни хорватҳову мусалмонони Буснӣ, дидан кард. Ӯро дар ин сафар асқафи калисои Сараево кардинал Винко ва муфтии Буснӣ Мустафо Черич ҳамроҳӣ карданд.
XS
SM
MD
LG