Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

590 қурбонии заминларзаи шадид дар ғарби Чин


Теъдоди қурбониёни заминларзаи шадид дар вилояти Синғай, воқеъ дар шимолу ғарби Чин афзоиш ёфта, ба 590 нафар расидааст. Шумораи захмиҳои ин заминларзаи шадиди рӯзи чаҳоршанбе ҳудуди 10 ҳазор нафар унвон мешавад.

Хабаргузории расмии "Синхуа" иттилоъ додааст, ки гурӯҳҳои наҷотбахш беш 900 нафарро аз зери овор берун кашидаанд, вале афроди зиёде то ҳол беному нишон аст.

Ин зилзила субҳи рӯзи чаҳоршанбе дар замоне рух додааст, ки аксари мардум дар манзилҳояшон ба сар мебурдаанд. Теъдоди зиёди кушташудагон кӯдакон будаанд.

Бар асари заминларза, ки тавонаш тақрибан 7 дараҷаи Рихтер будааст, ҳудуди 10 ҳазор нафар маҷрӯҳ шудаанд.

Мақомоти расмӣ мегӯянд, заминларза тақрибан 85 дарсади манзилҳои ин минтақаро вайрон кардааст, ки бисёре аз онҳо хонаҳои чубиву гилин будааст.

Як қатор созмонҳои байнулмилалӣ эълон кардаанд, ки ба зарардидагони зилзила дар Чин кумакҳои башардӯстона ирсол хоҳанд кард.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни як барқия унвонии раисиҷумҳури Чин Ҳу Ҷинтао дар робита ба заминларзаи маргбор изҳори ҳамдардӣ кардааст.

Ин дуввумин заминларзаи шадид дар ду соли ахир дар Чин аст. Бар асари зилзилаи 8-дараҷаии моҳи маи соли 2008 дар минтақаи Сичуани Чин ҳудуди 90 ҳазор нафар кушта шуда буд.
XS
SM
MD
LG