Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бабри зебо ва маҳбуби Бадахшон мурд


Машҳуртарин бабри Бадахшони Тоҷикистон бар иллати нигоҳубини номуносиб ҳалок шуд. Бабри сафеди нодир, ки соле пеш дар Бадахшон аз чанголи марг наҷоташ дода ва як сол парвариш карданд, рӯзи гузашта ба таври ногаҳонӣ мурдааст. Байторони вилоят гуфтанд, ки зоҳиран фарбеҳии беш аз ҳад, ба қалби бабри зебои барфӣ фишор оварда ва ӯро куштааст. Табиатшиносони Бадахшон як сол боз дар андешаи сарнавишти ин бабри зебо буданд, ки бо ӯ чӣ кор кунанд, ба табиат раҳо кунанд ва ё ба боғи вуҳуше бифурӯшанд.
XS
SM
MD
LG