Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Музокироти нав барои эъмоли таҳрим алайҳи Эрон


Ҳайъатҳои қудратҳои ҷаҳонӣ, дар шаҳри Ню Йорк, масъалаи эъмоли таҳримоти иловагӣ ба зидди Эронро баррасӣ кардаанд. Жерар Аруд, сафири Фаронса дар Созмони Милал, гуфт, панҷ узви доимии Шӯрои Амнияти Созмони Милал бар изофаи Олмон, дар мавриди пешнависи қатъномаи пешниҳодии Амрико барои эъмоли даври чаҳоруми таҳримоти байналмилалӣ алайҳи Эрон “пешрафт кардаанд." Сафирони Чину Русия, ки чандон мойил ба эъмоли таҳрим ба зидди Эрон нестанд, вале музокиротро созанда хондаанд. Қудратҳои ғарбӣ мегӯянд, Эрон мехоҳад, пинҳонӣ силоҳи атомӣ бисозад, иддаъое, ки давлати Эрон рад мекунад.
XS
SM
MD
LG