Пайвандҳои дастрасӣ

Гуфтугӯи интернетӣ бо вазири нақлиёти Тоҷикистон


Олим Бобоев, вазири нақлиёт ва коммуникатсияи Тоҷикистон

Олим Бобоев, вазири нақлиёт ва коммуникатсияи Тоҷикистон, дар сӯҳбати онлайни Радиои Озодӣ ба беш аз 200 суоли хонандагон ҷавоб гуфт. Бештари суолҳо роҷеъ ба роҳи пулакии Душанбе-Чаноқ буданд.

Олим Бобоев дар ин сӯҳбат гуфт, як гурӯҳи кории Оҷонсии зиддиинҳисори Тоҷикистон ба танзими дубораи нархномаи роҳи Душанбе-Чаноқ пардохтааст.

Вазири нақлиёт ва алоқаи Тоҷикистон афзуд, вазорат пешниҳоду таклифҳои шаҳрвандонро ба ҳукумат пешниҳод кардааст ва ҳоло аз ҷониби Оҷонсии зиддимонополии ҳукумати Тоҷикистон нахустин гузориш аз муқаррароти роҳи пулакӣ таҳия мешавад. Ва он дар рӯзҳои наздик ҷорӣ хоҳад шуд. Ба гуфтаи ӯ, дар бораи ҷузъиёти шароити нави пардохти роҳпулӣ дар наздиктарин рӯзҳо иттилоъ пахш хоҳад шуд.


Олим Бобоев ҳамчунин ишора намуд, ки ҳамроҳ бо намояндагони ҳукуматҳои маҳаллӣ бо сокинони атрофи шоҳроҳ чашм ба чашм сӯҳбат намуда, дар бораи муқаррароти нав гуфтугӯ хоҳад кард.

Ҷаноби вазир таъкид кард, ки бояд қабл аз пулакӣ кардани роҳ мақомоти ҳукуматро мебоист фикри мардум ва пешниҳодоти сокинони кишварро ба инобат мегирифтанд, то ин норозигиҳо сар намезад.

Гуфтугӯи онлайни хонандагони сомонаи Озодӣ бо вазири нақлиёт ва коммуникатсияи Тоҷикистонро дар ин саҳифа бихонед.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Озодӣ дар Ютуб

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG