Барномаи оянда


БА МО SMS ФИРИСТЕД!

Телефонҳои тамос бо Радиои Озодӣ 24 соат дар шабонарӯз дар хидмати Шумост:

(+992) 985 638 356
(+420) 725 037 943


Занг занед ё SMS фиристед.
facebook like
 

 

 

 

 
 
 
 

 
 

mymailru

Баҳс

Саволи Шумо ба Олим Бобоев - вазири нақлиёти Тоҷикистон

31.03.2010

Олим Бобоев аз моҳи октябри соли 2009 вазири нақлиёт ва коммуникатсияи Тоҷикистон аст. Ин ниҳод танзимкунандаи сиёсати давлатӣ дар заминаи роҳ ва мухобирот мебошад.Олим Бобоев замоне масъулияти вазорати роҳу иртибототро бар ӯҳда дорад, ки Тоҷикистон дар бунбасти коммуникатсионӣ қарор гирифта ва ба роҳҳои алтернативии раҳоӣ аз ин вазъ беш аз ҳар вақти дигар ниёзманд мебошад.Ӯ доктори илми иқтисод, профессор ва раиси Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон низ ҳаст.

Ин баҳс баста шудааст.
Гурӯҳбандии назарҳо
    Баъдӣ 
Назарҳо. Сафҳаи аз 11
Ном: Ikrom аз: London
31.03.2010 22:43
Assalomy aleikym Janobi vazir, syolhoi man chynin ast:
1) Byjeti vazorati naklieti Tojikiston dar soli 2010 chi kadar ast, mablaghoi jydogardida asosan dar kadom samtho xarojot meshavand?
2) Rohi pulakii Dushanbe-Chanok az pyi kadom hisobho narxgyzori karda shyd va tai chand myddat arzishi aslii xydro mepyshonad (man dar nazar doram tanho az hisobi istifodabarandagoni roh)?
3)Hangomi pylaki kardani in roh charo az tarafi Hykymati Tojikiston, sathi pasti kambizoatii mardym banazar girifta nashyd? Dar hole, ki narxnoma xele garon ast va boisi norozigii mardym gashtaast.
Peshaki siposgyzoram. Ba Shymo byrdboriho tamanno doram.
Дар посух

Ном: Олим Бобоев аз: Душанбе
14.04.2010 16:03
Пеш аз ҳама ба сомонаи «Озодӣ» барои иқдоми гирифтаашон изҳори миннатдорӣ менамоям ва ба саволҳои гузошташуда посух медиҳам.

Посухҳо ба суолҳои Икром:
1. Буҷети Вазорати нақлиёт ва коммуникақияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар соли 2010-ум 34 миллион сомонӣ буда, барои нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди дар тавозуни муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳои ноҳияҳо буда, ки 13 968 км-ро ташкил медиҳад, равона карда мешавад. (маълумоти пурра дар ҷадвали зерин оварда шудааст).
2. Нархгузории ин роҳи истифодаи пулакӣ ба ваколати Вазорати мо дохил намешавад ва ҳамчун монополияи табиӣ аз тарафи Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар ва тасдиқ карда мешавад. Шартнома аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муддати 30 сол баста шудааст.
3. Албатта дар мавриди наргузорӣ ҳаммаи омилҳо бояд ба назар гирифта
шаванд.


Ном: Машхурбек аз: Хучанд
01.04.2010 08:59
Салому алейкум мухтарам вазир Олим Бобоев. Пеш аз хама ба Шумо саломати ва дар корхоятон бурдбори хохонам. Мегуфтед, ки оё; 1.Рохи бунёд шудаистодаи Душанбе-Хучанд-Чанок 100% кай ба итмом мерасад ва кисми рохе, ки дохили ш Хучандро убур мекард барои чи таъмир карда нашудааст 2. Мегфтед, ки имруз мардуми Точикистон барои пул додани рох аз чихати писихалоги тайёранд. 3.Барои чи фирмаи хоричи (пулгирак) рохро гирифтааст на ватани. Пешниходи ман нисбати нархгузори рох то 1 сентябр аз рох пул гирифта нашавад ба гайр аз рохи агбахо. Нархнома та охири хамин сол 80% арзон карда шавад бо сабабе ки компанияи рохро сохта истода бояд роххое, ки алакай вайрон шуданд ухдадор мебошад ки онро рост кунад. Мисол рохи Бустон-Хучанд алакай ба шумури ман 6 чояш асвалташ каме бошад хам вайрон шудааст. Илтимос назоратро пурзур намоед то ки рохсозони хитои набураванд.

Дар посух

Ном: Олим Бобоев аз: Душанбе
14.04.2010 16:09
1. Роҳи бунёдшудаи Душанбе – Чаноқ пас аз бунёди нақби Шаҳристон, охири ҳамин сол пурра ба анҷом мерасад. Роҳҳои дихили ш. Хӯҷанд аз тарафи Ҳукумати шаҳр маблағгузорӣ карда мешавад.
2. Умуман дар иқтисоди бозоргонӣ мафҳуми моли ҳидояти бепул вуҷуд надорад ва механизми пардохти он ба шароити бозор мувофиқ бошад. Дар умум аз лиҳози равонӣ, ҷомеа ба хизматрасонии босифат ва нархҳои одилона тайёр аст.
3. Ширкатҳои хориҷи таҷриба, технология ва сармояи зарурӣ доранд. Қисми дуюми саволи Шуморо мо ба Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол менамоем.

Ном: Хушруз аз: Душанбе
01.04.2010 09:09

Аввало Ассалом.
Чаноби вазир,
пурсиданӣ ҳастам аз он ки, чаро маблағпулӣ барои истифодаи шоҳроҳи Душанбе - Хуҷанд ин қадар гарон аст?
Ман мефаҳмам ки барои ифтитои ин роҳ ҳукумати Тоҷикистон қарзи бисёр гирифтааст, вале он қарз қарзи давлатӣ мебошад, наход ҳукумат хостанист ҳамаи онро ба гардани мардуми бе ҳамин ҳам қашшоқ гузорад?
Дар посух

Ном: Олим Бобоев аз: Душанбе
14.04.2010 16:09
Хушрӯз салом, ман саволҳои Шуморо ба Хадамоти валокатдор ирсол менамоям.

Ном: Аврангзеб аз: Кулоб
01.04.2010 11:48
Ассалому алейкум мухтарам вазир!
Ба Шумо дар корхоятон бурдборихо хохонам.
Лутфан ба чанд саволи банда чавоб дихед
1) Рохи охане,ки байни Точикистон,Туркманистон,Авгонистон ва Эрон бунед мегардад чи кадар буча дорад,илтимос оиди хамин рох каме маълумот дихед
2)Хизби Шуморо "кисаги" мегуянд.Оё Шумо бо ин рози хастед?Агар не ба чи далел?
3) Хизби Шумо "бо як чахиш" ба парлумон гузашт,хол он ки ягон
барномаи мушахасс надошт ва аз чониби мардум шинохта шуда набуд.Оё Шумо аз он ки намояндагони ХИИТ дар порлумон дар чои дигарон нишастаанд эхсоси норохати намекунед?

Барои посуххоятон пешаки миннатдорам
Дар посух

Ном: Олим Бобоев аз: Душанбе
14.04.2010 16:10
Роҳи оҳани мазкур аз Панҷи-Поён сар шуда, тавассути ҳудуди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон (Қундуз – Мазори Шариф- Ҳирот) ба Тубоди Ҷумҳурии Исломии Эрон бояд пайваст шавад. Ин роҳ метавонад ба воситаи роҳи сохташудаи Адхоӣ - Оқине (36 км. Афғонистон) ба роҳи сохташавандаи Киркичи – Имомназар (Туркманистон) (90 км) пайваст шавад. Вале ҳалли ин масъала дар сатҳи омӯзиш ва мувофиқасозӣ бо тарафҳои манфиатдор қарор дорад. Ин роҳ дар ҳудуди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон бояд 388 км.-ро ташкил диҳад. Буҷаи он ҳоло муайян нашудааст.
2. Албатта нисбати Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон (ҲИИТ) дар ҷомеа метавонад ҳар гуна баҳодиҳӣ вуҷуд дошта бошад, ин табиӣ аст. Барои баҳои хуб гирифтан ҳизб бояд кору кӯшиш кунад!
3. Ман натиҷаи интихоботро эътироф мекунам ва ҳамаи онҳое, ки ба ҳизби мо овоз доданд, изҳори ташаккур мегӯям ва боварӣ дорам, ки намояндаҳои ҳизб дар парлумон дархостҳои интихобкунандагонашонро амалӣ месозанд.

Ном: Шахобов аз: Панчакент
01.04.2010 12:24
Добрый день уважаемый Олим Бобоевич! Я ваш выпусник из ТПИ, хорошо помню ваши семинары по экономике. И если хотя 20-30% внедрить то чего когда-то нас учили то автотранопорт наш сделает прорыв,МОЖНО ли до вас лично довести свои планы по этой части. Спасибо.
Дар посух

Ном: Олим Бобоев аз: Душанбе
14.04.2010 16:10
Саломат бошед. Ман ҳар ҳафта рӯзҳои чоршанбе ва ҷумъа аз соати 16⁰⁰ қабули шаҳрвандонро дорам. Шуморо бо таклифу пешниҳодҳоятон интизорам.

Ном: фирдавс аз: Душанбе.
01.04.2010 12:52
Чаноби вазир. Аз ахволи Точиктелеком чаро хомушед? вай ро ё вазорат ё муовини шумо банкрот кард, чиба маошхоро намедиханд, ду филиали бузургашро бархам додан,яктояшро фурухтан, дина дар РЦМК хамаро гуфтан,ки чои кор кобед, 70 % сокрашений мешавад.
аз 31 март инчониб дар ГТС-и ш. Душанбе свет нест, мегуянд,ки карзидор аст!
Дар посух

Ном: Олим Бобоев аз: Душанбе
14.04.2010 16:18
Ташаккур, Вазорат ваколати дахолат кардан ба фаъолияти субъектҳои хоҷагидор надорад. Тибқи нақшаи реструктуризатсияи «Тоҷиктелеком» дар марҳилаи охир саҳмияҳои он бояд ба фурӯш бароварда шавад.

Ном: Дилсуз аз: Панчакент
01.04.2010 13:56
Ассалому алайкум чаноби вазир!
Сохтани Рохи Панчакент- Айни солхои наздик ба план гирифта шудааст ё не?- кай?
Дар посух

Ном: Олим Бобоев аз: Душанбе
14.04.2010 16:11
Роҳи автомобилгарди Айни – Панҷакент дар нақшаи инвеститсионӣ вуҷуд дорад, аз сабаби пайдо нашудани сарчашмаи маблағгузори хориҷи он дар ҳолати номуайянӣ қарор дорад.

Ном: Латиф аз: Панчакент
01.04.2010 14:12
Чаноби вазир. Созшавии рохи Панчакент-Айни ро кай умед кардан мумкин аст?
Дар посух

Ном: Олим Бобоев аз: Душанбе
14.04.2010 16:12
Ташаккур, ин роҳ аз ҳисоби маблағҳои ба муассисаҳои нигоҳдории роҳҳои Айнӣ ва Панҷакент ҷудошуда, нигоҳдорӣ карда мешаванд.

Ном: hayrona аз: vayrona
01.04.2010 14:55
Janobi Vazir,
Avvalo tashakkur baroi ishtirokaton!
Dar hakikat rohi tollingro dar tojikiston jori namudanaton bisyor xub hast. Mo inro ba Ashurov peshnihod karda budem vale husni kabul nayoft. Vale man digar chiz guftaniam. Az rohro pulaki kardan beshtar kompyuterizatsiyai puljamkuni muhimtar ast. Charo dar Dushanbe ki gavharaki chashmi tamomi Tojikon hast to hol konduktorho hastandu bo suxanhoi daghali xud tabi mizojon xira va rangi shahro dilgir mesozand va daromadro ba jaybi xud yo arbobi xud meandozand.
Charo davlat tender baroi bilethoi elektroni namguzorad to ham mablag rost ba xazinai vazorat daroyadu hisobot shafof gardad.
Biletho dar shahr metavon ba se kism judo kard:
1. Veteran, mayubon, kambizoaton va ma'muroni öuhimi davlati-Bemuzd
2. Donishjuyon - Bo narxi arzon masalan 50% kamtar az narxi umumi.
3. Umumiyat

In ba davlat bisyor mufid megasht. Zero mablagh bevosita ba xazina meguzashtu prepaid hisobho dar onjo jam meshud. Ham ronandahovu konduktorho bo musofiron dar "tamos"-i daghalona namebudand.

Agar in fikr ba shumo jolib aftad va agar xohed mo bo shumo tamos megirem bo prujei tayor baroi Dushanbeshahr

Дар посух

Ном: Олим Бобоев аз: Душанбе
14.04.2010 16:14
Ташаккур, таклифатон дар ҳақиқат ҳам хеле ҷолиб аст. Нисбати беҳтар намудани сифати хизматрасонии шаҳри Душанбе. Барои беҳбуд бахшидан ба хизматрасонии нақлиёти шаҳри Душанбе, тадбиқи лоиҳаи инвеститсионии ««Шаҳри бехатар» АСУ – нақлиёт» дар назар аст, ки то ҷашни 20-солагии кишварамон бояд ба истифода дода шавад, ки аз он тадбиқи масъалаҳои гузоштаи Шумо низ, ҳалли худро меёбанд.

Ном: Isfandiyor аз: Dushanbe
01.04.2010 16:04
Исфандиёр. Мухтарам, вазир, хохиш дорам ба як чанд суолам чавоби мушаххас дихед.
1) Оид ба пулаки шудани рох назорати кабули маблаг чи гуна ба рох монда шудааст? Яъне ронанда ба к маблагро бояд супорад?
2) Назорат аз болои маблаги чамъоваришуда чи гуна сурат мегирад? Масалан, пештар сару садохое дар матбуот пайдо шуда буд, ки маблаги аз рох ба даст омада ба суратхисоби ширкате ворид мешавад, ки он дар кадом давлати хоричи сабти ном шудааст. Холо ин маблаги аз рох чамъшуда ба суратхисоби ширкати мазкур мегузарад ва шарту шароиташ чи хел аст?
3) Дар хусуси ронандахои доими ё "таксистхо", ки хамаруза дар ин рох равуо доранд, ягон имтиёзе вучуд дорд ё не? Зеро харочоташон бо пулаки шудани рох шояд ба хадде шавад, ки фоида ба даст оварда натавонанд.
4) Рохи Панчакент-Айни кай таъмири пурра мебинад ё аз нав сохта мешавад?
Дар посух

Ном: Олим Бобоев аз: Душанбе
14.04.2010 16:15
Ташаккур, ба масъалаҳои хоҷагидории ин ширкат Вазорат дахолат карда наметавонад. Нарху хароҷотҳои хизматрасонии он аз тарафи мақомоти ваколатдори назорати молиявӣ назорат карда мешавад.
Дар мавриди роҳи Панҷакент – Айнӣ ман дар ин мавзӯъ ҷавоб гуфтам.
    Баъдӣ 
Назарҳо. Сафҳаи аз 11

Тозатарин матолиб

Тавлидот ва хадамот

ПодкастRSSОбуна Мобил