Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додрасе, ки қатлаш ҳамаро такон дод


Қатли Эдуард Чувашов, додраси рус, ки бо ҳукмҳои шадидаш бар зидди нажодпарастони тундрав ва сартарошидаҳо шӯҳрат дошт, нахустин куштори додраси федерол дар шаш соли охир аст.

Эдуард Чувашов дар зинапояи даромадгоҳи хонааш ба зарби гулӯла кушта шуд ва қатли ӯ мақомоти расмии Русия ва фаъолони ҳуқуқи башарро такон додааст.

Раисиҷумҳури Русия, Дмитрий Медведев, қатли додрас Эдуард Чувашовро як амали хабисона номид ва ваъда дод, ки мақомоти Русия қотилонро боздошт хоҳанд кард. Созмони ҳифзи ҳуқуқи башар, Сова, ки мизони ҷиноятҳои нажодпарастонаро дар Русия думбол мекунад, мегӯяд, чанд ҳафтаи ахир ба Чувашов таҳдидҳои зиёде фиристода мешуд.

Ноиби мудири ин созмон, Галина Кожевникова мегӯяд, дар сомонаҳои интернетии нажодпарастони тундрав танаффур бар зидди Чувашов ба авҷ мерасид ва моҳи гузашта додрас дар феҳрасти "душманони миллат" ҷой дода шуд.

Ӯ мегӯяд: "Мо аз додрас Эдуард Чувашов замоне огоҳ шудем, ки дар сомонаи наздик ба Русский Образ ба унвони ӯ таҳдидҳо нашр гардид. Дар он ҷо акси ӯ ва порчаи ҳукми ӯ аз ҷаласаи пӯшидаи додгоҳ нашр шудаанд. Порча ба таври ғалат бознависӣ шуда, додрас ба русбадбинӣ айбдор гаштааст. Ва ба ин навишта шумораи азими шарҳҳои хушунатомез расидааст."

Коршиносон низ мегӯянд, додрас барои охирин ҳукмаш бар сартарошидаҳо, ки онҳоро барои куштани 20 шахси ғайриславянӣ ба 10 соли зиндон маҳкум кард, ҳадафи нажодпарастон қарор гирифтааст.

Ин гурӯҳ бо номи Дастаи Рино қатли шахсони ғайрирусро, ки анҷом додааст, дар интернет нашр мекунад. Созмони Сова мегӯяд, таҳдидҳо ба унвони Чувашев ҳатто дар ҷараёни худи додгоҳ садо медоданд.

Додраси бознишаста, Владимир Миронов бар ин аст, ки тарсдиҳӣ ва таҳдид ба додрасҳо дар чанд соли охир ба дараҷаи тасаввуронпазир расидааст.

Миронов мегӯяд: “Додрасҳо аз касе наметарсиданд, як қарордоди иҷтимоӣ вуҷуд дошт, ки додрасҳо дахлнопазиранд, онҳо маҳаки худи қонунанд. Вақте ки мо дар додгоҳ кор мекардем, ҳеҷ гуна афсар ё сарбозон дар толор ҳузур надоштанд, зеро зарурате ба онҳо набуд. Мо аз касе наметарсидем."

Созмони Сова мегӯяд, дар соли гузашта дар Русия зимни инсонбадбинӣ ва бегонаситезӣ 71 нафар кушта ва зиёда аз 330 нафар захмӣ шудаанд. Ва тамоюле ба назар мерасад, ки шумораи додрасон, вакилони мудофеъ, ҳомиёни ҳуқуқи инсон ва журналистон дар байни онҳо рӯ ба афзоиш дорад.
XS
SM
MD
LG