Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ифтитоҳи нишасти муҳими амнияти ҳастаӣ дар ИМА


Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико, ҳамоиши байналмилалии сарони кишварҳои ҷаҳон дар мавриди амнияти ҳастаиро рӯзи душанбе дар шаҳри Вашингтон ифтитоҳ кард. Дар ин ҳамоиши дурӯза намояндагони 47 кишвар ширкат доранд ва дар остонаи он, Барак Обама бо раҳбарони чанде аз ин кишварҳо, аз ҷумла раиси ҷумҳури Украина Виктор Янукович мулоқот кард. Дар гуфтӯгу бо Ҳу Ҷинтао, раиси ҷумҳури Чин, барномаҳои баҳсбарангези атомии Эрон ва зарурати эъмоли таҳрим ба зидди ин кишвар баррасӣ шудааст. Бино ба хабарҳо Ҳу Ҷинтао гуфтааст, ки Чин ба Амрикову Бритониё, Фаронса, Русия ва Олмон мепайвандад ва дар таҳияи қатънома алайҳи Эрон кӯмак мекунад. Наҷиб Раззоқ, нахуствазири Малайзия, дар мулоқот бо Барак Обама тавофуқ кардааст, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд ба Эрон дар робита ба барномаҳои атомиаш “паёми возеҳе” бифристад.
XS
SM
MD
LG