Додгоҳ ҳамчунин Маҳдии Лорниё, як шаҳрванди Эронро низ дар ин куштор гунаҳгор дониста ва ба 25 соли зиндон маҳкум кардааст.
Раҳмиҷон Носиров, консули Тоҷикистон дар Имороти Муттаҳидаи Арабӣ бо тайиди ин хабар ба Озодӣ гуфт, додгоҳ Мақсудҷон Исматовро дар ҳамдастӣ барои куштори фармондеҳи баталиони "Восток" Сулим Ямадаев муҷрим шинохтааст. Аммо ҳимоятгарони ӯ ҳақ доранд дар зарфи даҳ рӯз ба додгоҳи таҷдиди назар шикоят баранд.
Оқои Носиров афзуд, додгоҳи Дубай ҳамчунин қарор кардааст, ки баъди пушти сар шудани муҳлати иҷрои ҷазо, ҳардуи ин ашхос ба кишварҳои худ ихроҷ хоҳанд шуд.
Бино ба хабарҳо, Мақсудҷон Исматов, чандин сол ба ин сӯ, дар Имороти Муттаҳидаи Арабӣ машғули тиҷорат будааст.
То кунун ҷониби Тоҷикистон дар мавриди маҳкум шудани шаҳрванди худ дар Имороти Муттаҳидаи Арабӣ вокуниши расмие нишон надодааст.
Маълумоти бештар дар ин бора:
Қазияи норӯшани тоҷики боздоштшуда дар Дубай
Фармондеҳи "Восток"-ро кӣ куштааст?