Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 12 толиб дар Оракзай


Дар ҷараёни амалиёти нерӯҳои ҳукуматии Покистон дар минтақаи Оракзай, воқеъ дар шимолу ғарби кишвар, ба иттилоъи мақомоти маҳаллӣ, 12 мусаллаҳи ҷунбиши “Толибон” ба ҳалокат расиданд. Низомиёни кишвар хабар доданд, ки рӯзи шанбе дар Хайбар, минтақаи ҳамсоя бо Оракзай, бар асари бомбборони як паноҳгоҳи толибон 45 тан аз мухолифини ҳукумат кушта шуданд. Оракзай ва Хайбар миёни ҳафт минтақаи нимамустақили пуштуннишинанд, ки ошӯбгарони он ҷо панаҳбурда ҳам бо ҳукумати Покистон ва ҳам ҳукумати Афғонистон вориди даргириянд. Соли гузашта нерӯҳои ҳукуматии Покистон бештари толибонро аз водии Свот, Вазиристони ҷанубӣ ва минтақаи Баҷаур берун карда буданд.
XS
SM
MD
LG