Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Роза Отунбоева


Роза Отунбоева, ба думболи бӯҳрони ҳокимият дар Қирғизистон ба раҳбарии ҳукумати муваққати ин кишвар нишаст. Ҳоло маълум нест, ки хонум Отунбоева битавонад дар интихоботи шаш моҳи баъд барои раёсати ҷумҳурӣ низ рақобат кунад. Аммо собиқаи ӯ поктарин корнома дар байни сиёсатмадорони ин ҷумҳурӣ дониста мешавад.

Бори аввал дар таърихи ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ таҳаввулот аввал ба гунае рақам хурд, ки як шахсияти занро дар ҳарики қудрати сиёсии Қирғизистон қарор дод.

Идораи ҳукумати муваққат

Хонум Роза Отунбоева, раҳбари мухолифини қирғиз, рӯзи чоршанбе эълон кард, ҳукумати қаблӣ ба думболи хушунатҳои рӯзи ҳафтуми апрел, истеъфои худро эълон карда ва ваколатҳои ҳокимият ба ҳукумати муваққат гузаштааст.

Ин ҳукумати муваққат ваколатҳои истисноӣ хоҳад дошт, зеро он порлумон ва раёсати ҷумҳуриро мунҳал ва масъулиятҳои он ду шохаи ҳокимиятро низ бар дӯш гирифтааст.

Ин дар ҳолест, ки Қурмонбек Боқиев, раисиҷумҳури фирории Қирғизистон ҳамчунон мегӯяд, намехоҳад аз мақоми раёсати ҷумҳурӣ истеъфои худро эълон кунад. Ва талош дорад, гурӯҳҳоеро дар ҷануби кишвар ба пуштибонии худ ташвиқ кунад.

Бар изофаи ташануҷҳои дохилӣ, Қирғизистон ҳамчунон даргири баҳсу талош бо ҳамсояҳои худ бар сари захираҳои обӣ ва мушкилоти тақсими марз низ ҳаст.

Аммо чаро тундбоди ҳаводис аз миёни сиёсатмардони қудратманд, маҳз шахсияти хонум Отунбоеваро дар меҳвари таҳаввулот қарор дод. Ва оё ин хонум хоҳад тавонист ба хостаҳои ҷомеаи шӯридаи Қирғизистон посух бигӯяд?

Собиқаи дипломатӣ

Таҳлилгарон мегӯянд, Роза Отунбоеваи 59 сола аз сиёсатмадорони маъмулии Осиёи Марказӣ фарқи калон дорад. Ӯ сиёсатмадори амалгарое дониста мешавад, ки метавонад бо гурӯҳҳои мухолифи Қирғизистон муколама раҳандозӣ намояд.

Отунбоева чанд навбат вазири умури хориҷии Қирғизистон будааст ва таҷрибаи кофии кори дипломатӣ дорад. Ӯ ба забонҳои англисӣ, фаронсавӣ, олмонӣ ва русиву қирғизӣ бо сароҳат сӯҳбат мекунад.

Дар ибтидои солҳои навадум Отунбоева аввалин вазири корҳои хориҷии Қирғизистон таъйин шуд, вале баъди муддати кӯтоҳе, яъне дар солҳои 1992-1994 мақоми сафири Қирғизистон дар ИМА ва Канада ва дар соли 1997 вазифаи сафири Қирғизистон дар Британияву Ирландияро бар ӯҳда доштааст.

Солҳои 2002-2004-ум Отунбоева фиристодаи СММ дар умури Гурҷистонро бар дӯш дошт. Отунбоева соли 1950 дар шаҳри ҷанубии Оши Қирғизистон ба дунё омада, Донишгоҳи шаҳри Маскавро хатм намудааст. Ӯ муддате устоди фалсафа дар Донишгоҳи Қирғизистон буд.

Дар соли 1986 Отунбоева муовини сарвазир ва вазири корҳои хориҷӣ дар ҳукумати ҷумҳурии Шӯравии сотсиалистии Қирғизистон таъйин шуд.

Брюс Панниер, шореҳи Радиои Озодӣ дар бораи Роза Отунбоева мегӯяд: "Роза Отунбоева яке аз сиёсатмадорони собиқадори қирғиз аст. Вақте сухан аз сиёсати хориҷӣ меравад, шояд имрӯз ӯ сиёсатмадори аз ҳама ботаҷриба дар Қирғизистон бошад, зеро муддате дар берун аз кишвар, ба вижа дар мамолики ғарбӣ ба сар бурдааст. Бо меъёрҳои Қирғизистон таҷрибаи байналмилалии ӯ бешубҳа бузург аст".

Инқилоби лолаӣ ва оғози мухолифатҳо

Ибтидои соли 2005-ум Отунбоева ба ҳайси номзад аз ҳизби “Ота Ҷурт” ё худ “Падар-Ватан” ба порлумони Қирғизистон пешбарӣ шуда буд, вале камисиюни интихобот ӯро сабти ном накард.

Дар баҳори соли 2005-ум вақте инқилоби лолаии Қирғизистон ҳукумати президент Аскар Оқоевро барканор намуда, Қурмонбек Боқиевро сари қудрат овард, Отунбоева, ки яке аз чеҳраҳои калидии ин инқилоб ба шумор мерафт, ба мақоми вазири корҳои хориҷӣ пешбарӣ шуд, вале раъйи вакилони порлумонро ба даст наовард.

Бисёриҳо тахмин мекарданд, ки аслан худи Қурмонбек Боқиев намехост, ки як рақиби нерӯмандаш вазир таъйин шавад.

Пайвастани Отунбоева ба ҷумбиши мухолифат

Дар соли 2006-ум Отунбоева ба ҷумбиши мухолифи ҳукумат бо номи “Асаба” пайваст, ки ҳадафи он ислоҳоти давлати Қирғизистон ва тақдими қудрати бештар ба маҷлиси қонунгузори ин кишвар буд.

Соли 2006-ум баъди он ки маълум шуд, бисёре аз хостаҳои инқилоби лолаии қирғизҳо ҳамчун хоста боқӣ монда ва ҳукумати Боқиев ба рағми ормонҳои мардум амал мекунад, Отунбоева дар як сӯҳбат бо Радиои Озодӣ ҳукумати Қирғизистонро бо ваъдахилофӣ муттаҳам кард.

Хонум Отунбоева гуфт: "Дар давоми як соли гузашта мардум мебоист навовариҳоро эҳсос мекард. Қобили фаҳм аст, ки фавран ба кор даровардани тамоми корхонаҳо имкон надорад. Аммо агар ҳукумати қирғиз фасодро решакан мекард, пули зиёде барои татбиқи ислоҳот дастрас мешуд".

Хонум Отунбоева ҳамин тавр, то имрӯз мунтақиди сарсахти Қурмонбек Боқиев боқӣ монд ва нозирони умур мегӯянд, мавқеи ӯ дар баробари тасмимҳои ҳукумати Боқиев тайи чанд моҳи ахир, боз ҳам Отунбоеваро дар меҳвари таҳаввулот қарор дод. Ва ба мақоми раҳбарии ҳукумати муваққат нишастани ӯ як иттифоқи табиӣ аст, на тасодуф.

Ҳолдонҳо мегӯянд, тарзи зиндагии хонум Отунбоева бештар ба ҳаёти мардуми кишварҳои ғарбӣ шабоҳат дорад. Аммо ин ҳанӯз кофӣ нест, ки дар як ҷомеаи мардсолор ва он ҳам мусулмон як занро ба унвони раҳбари ҷумбиш ва ҳукумат эътироф кунанд. Таҳлилгарон мегӯянд, хонум Отунбоева инчунин тавонистааст, то ҳадди зиёде ба хостаҳои як ҷомеаи шарқӣ низ посух бигӯяд.

Зани пойбанд ба арзишҳои усулӣ

Қосими Бекмуҳаммад, таҳлилгари тоҷик, ки солҳо дар Бишкек ба сар бурда мегӯяд, собиқаи кори хонум Отунбоева назар ба ҳамсафонаш шаффофтар ва умдатан беолоиш аст. То кунун на аз назари ахлоқи шахсӣ ва на ба баҳонаи фасоди идорӣ ангушти иттиҳоме ҷониби хонум Отунбоева ишора накардааст. Ин барои як сиёсатмадор ва он ҳам дар кишварҳои фақире назири Қирғизистон муҳим аст.

Қосими Бекмуҳаммад мегӯяд: “Аз назари шахсияти сиёсӣ хонум Отунбоева назар ба ҳамаи ҳамсафони худ аз ҷойгоҳи болотаре бархурдор аст. Ӯ дар зарфи чандин соли охир баёнияҳо, интиқодот ва назарҳои раҳбарони мухолифинро машрӯъият мебахшид. Чун дигар раҳбарони мухолифин мақоми расмӣ ва ё намояндагӣ дар маҷлис надоштанд. Ба ин далел, ӯ дар шакл гигифтани муқовимат бо режими Боқиев нақши умда дошт. Хонум Отунбоева як зани усулгаро аст ва ба арзишҳое пойбанд мебошад, ки ҳам дар зеҳнияти миллии қирғизҳо вуҷуд дорад ва ҳам ҳам мутаносиб бо арзишҳое мебошад, ки онро арзишҳои ҷомеаи демократӣ низ метавон номид”.

Акнун хонум Отунбоева ба шиддат дар такопӯи сомон додани кори ҳукумат ва роҳандозии ниҳодҳои фалаҷшудаи давлат аст. Ва муҳимтар аз он ҳам дар талоши касби ҳимояти кишварҳои дуру наздик аз ҳукумати муваққати худ.

Ҷойгоҳи Отунбоева дар ҳукумати оянда куҷо хоҳад шуд?

Аммо як суол ин аст, ки ин зан дар часпу талоши баровардани орзуҳое, ки барояшон мубориза карда ва дар сомон бахшидани назми кори ҳукумат ва баргузории интихоботи шаффоф, чира хоҳад шуд?

Ва суоли дигар ҳам ин аст, ки кори ҳукумати муваққатии ба раҳбарии як шахсияти зан то куҷо муваффақ бар хоҳад омад ва гузашта аз ин оё Отунбоева талоше низ барои касби раёсати ҷумҳурӣ дар интихоботи оянда хоҳад кард?

Қосими Бекмуҳаммад мегӯяд: “Ба раҳбарии ҳукумати муваққат нишастани Отунбоева ба ин маъност, ки ӯ дар воқеъ беҳтар аз дигарон метавонад бо бозигарони аслии Қирғизистон, назири Русия, Чин ва Аврупо вориди музокира шавад ва масоилро ҳал кунад. Ин ҳукумат бо ҳузури шахсиятҳои собиқадор таъсис шуда ва имкони муваффақ баромадан ҳам дорад. Аммо бо таваҷҷӯҳ ба ҷомеаи мардсолори Қирғизистон фикр намекунам, ки имкони ба раёсати ҷумҳурӣ расидани Отунбоева зиёд бошад. Вале вазорати корҳои хориҷӣ ва ё раёсати порлумони оянда ҷои муносиби ӯст”.

Таҳлилгарон мегӯянд, ангеза ва омилҳое, ки ҳукумати Қурмонбек Боқиевро дар Қирғизистон суқут дод, дар соири кишварҳои минтақа низ мавҷуданд. Аммо боз ҳам ба далели шиддати худкомагӣ ва режимҳои муҳофизакор такрори ҳаводиси Қирғизистонро дар дигар кишварҳо камтар кори мумкин медонанд.

Қартаи шимолу ҷануб рақам хоҳад хӯрд?

Масъалаи дигаре, ки ба он ишора мешавад, эҳтимоли шиддат гирифтани ихтилоф миёни тафаккури ба истилоҳ ҷануб ва шимол аст.

Қурмонбек Боқиев, намояндаи ҷануби Қирғизистон бино ба хабарҳо талош дорад, ҳимояти гурӯҳҳое дар минтақаро ҷалб кунад. Аммо Отунбоева низ, ки зодаи ҳамон минтақа аст, шояд имтиёзи истифода аз қартаи минтақаро барои Боқиеви ҳамшаҳрияш маҳдуд кунад.

Аммо ҳоло…


Ин посухҳоро фардо, яъне вақт хоҳад дод, аммо он чи акнун маълум аст, ин аст, ки ҳаводиси Қирғизистон агарчӣ таъсири мустақиме ба ҷомеаҳои ҳамҷавор то ҳол нагузошта, вале элитаи ҳукмрони кишварҳои минтақаро шокӣ ва ба шиддат нигарони сарнвишти худ кардааст.

Ин нигаронии онҳоро, ки умдатан пайравони хати Маскав ҳастанд, интиқоди Владимир Путин, сарвазири Русия аз Боқиев, ки гуфт, Боқиев иштибоҳи Оқоев дар ташкили ҳокимияти хонаводагиро такрор кард, бештар кардааст.
XS
SM
MD
LG