Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Теъдоди вагонҳои бандшуда аз 2000 гузаштааст


Ширкати роҳи оҳани Тоҷикистон мегӯяд, то имрӯз дар қаламрави Узбакистон беш аз 2 000 вагони ҳомили молу коло барои Тоҷикистон банд шудааст. Усмон Қаландаров, муовини раиси ин ширкат ба хабаргузории “Авасто” гуфтааст, аз ин шумор 700 вагонаш ҳомили маводи сӯхт ва аз ҷумла 500 вагони маводи сӯхт барои вилояти Хатлон будааст. Қаландаров афзуда, истгоҳи роҳи оҳани Амӯзанг, ки вагонҳо ба Хатлон тавассути ҳамин истгоҳ ворид мешаванд, аз 16 март ба ин сӯ амалан баста шудааст. Ба гуфтаи ин манбаъ, дар ин авохир ҷониби Узбакистон танҳо ба 80 вагони боркаш, ки ҳомили гилхок, маводи сӯхт ва орд будаанд, иҷозати вуруд ба Тоҷикистонро додааст.
XS
SM
MD
LG