Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин: Русия дар рӯйдодҳои Қирғизистон нақш надорад


Владимир Путн-нахуствазири Русия гуфт, кишвараш дар ҳодисаҳои Қирғизистон ҳеҷ нақше надорад. Вай рӯзи чаҳоршанбе гуфт, барканории ҳукумати Қурмонбек Боқиев ба дасти ҷонибдорони мухолифон барои вай хабари ногаҳонӣ будааст. Путин ҳамчунин аз Боқиев интиқод кард, ки вай ҳам иштибоҳҳои Аскар Оқоевро такрор кардааст. Оқоев 5 соли пеш ба ҳамин минвол аз қудрат дур карда шуд. Путин гуфт, Боқиев имрӯз ба ҳамон киштие нишастааст, ки панҷ соли пеш Оқоев хешовандон ва ёру дӯстонашро ба мақомҳои баланди сиёсиву иқтисодӣ таин карда буд. Путин ҳамчунин аз мардуми қирғиз хост, ки оромиву суботро риоят кунанд.
XS
SM
MD
LG