Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти раиси Радиои Озодӣ бо раисиҷумҳури Афғонистон


Дар анҷоми сафари панҷрӯзааш ба Кобул, раиси Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ, Ҷефрӣ Гедмин бо Ҳомид Карзай, раисиҷумҳури Афғонистон мулоқот кард. Ҳадаф аз сафари ӯ тарғиби озодии матбуот дар ин кишвар будааст.

Дар қатори он паёмҳои зиддиғарбии ахири раҳбари Афғонистон, дар ин мулоқот Ҳомиди Карзай ҳамчунин гуфтааст, ки як кишвари бо таърихи чандин асра, бо танаввӯи фарҳангӣ ва иқтисоди ҷангзада, мехоҳад эҳсоси эҳтиром дошта бошад.

Дар дафтари Радиои Озодӣ дар шаҳри Кобул, Ҷефрӣ Гедмин ходимонро бо он табрик намуд, ки радиои онҳо маҳбубтарин радиои Афғонистон аст.

Ӯ гуфт, садоқати шумо беҳтарин намунаи кори журналистӣ ва дар ҳоле, ки шумо ва аҳли хонаводаатон ба таҳдид рӯбарӯ мебошед, мояи ифтихор аст.

Гедмин афзудааст, Радиои Озодӣ дар эҳиёи ҷомеаи мадании Афғонистон, ки аз ҷониби Толибон тахриб шуда буд, нақши ҳаётан муҳим дорад.

Ҷефрӣ Гедмин дар ҷараёни зиёраташ аз Афғонистон бо волиёни вилоятҳо, вазирони ҳукумат, фаъолони созмонҳои ғайри давлатӣ, раҳбарони қабоилу пешвоёни рӯҳонӣ ва аъзои порлумони Афғонистон низ мулоқот кард.

Ҳамчунон ӯ бо сарбозону мансабдорони амрикоии мустақар дар Афғонистон дидору гуфтугӯ дошт.

Муовини вазири умури сарҳадот ва қабоил, Яъқуб Аҳмадзай ба Гедмин гуфтааст, мо ба Радиои Озодӣ эҳтиёҷ дорем ва ҳатто баъзеҳо намози худро замоне тарҳрезӣ мекунанд, ки аз ахбори Радиои Озодӣ ақиб намонанд.

Президент Карзай гуфтааст, сӯҳбатҳои мустақими шунавандагон ва баҳсҳои озод дар Озодӣ ба ҳукумат имкон медиҳад, ки мустақиман назари мардумро бишнавад.

Як журналисти маъруфи афғон гуфтааст, барои аввалин бор дар сӣ соли гузашта, Озодӣ ба мардуми Афғонистон имкон дод ҳукумати худро танқид кунанд.

Аснои арзёбии сарнавишти минбаъдаи Афғонистон, як фаъоли созмони ғайри давлатӣ Симо Самар, ки соли гузашта ба ҷоизаи сулҳи Нобел ҳам пешниҳод шуда буд, гуфт, имрӯз фасод бузургтарин мушкили Афғонистон аст.

Хонум Самар афзуд, қабл аз оғои амлиёти Эътилофи байналмилалӣ дар соли 2001 дар Афғонистон ягон ниҳоди давлатӣ амал намекард.

Ба қавли Симо Самар, имрӯз маорифи Афғонистон камбуди зиёд дорад, вале ҳадди ақал духтарон имкони ба мактаб рафтанро доранд.

Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ, ки дар Афғонистон ҳамчун Радиои Озодӣ маъруф мебошад, пахши барномаҳои худро дар ин кишвар ба забонҳои дарӣ ва пашту аз моҳи январи соли 2002-ум аз сар гирифт.
XS
SM
MD
LG