Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама стратегияи нави ҳастаиро муаррифӣ кард


Раисиҷумҳури Амрико Барак Обама стратегияи нави ҳастаии Иёлоти Муттаҳидаро муаррифӣ кард, ки имкони истифодаи силоҳи ҳастаиро маҳдуд мекунад. Ҳадафи ниҳоии ин барнома расидан ба ҷаҳони орӣ аз силоҳи атомӣ унвон мешавад.

Амрико тибқи барномаи нав, силоҳи ҳастаиро дар муқобили кишварҳое, ки чунин аслиҳа надоранд, истифода нахоҳад кард. Ҳамин тавр Вошингтон аз сиёсати деринааш даст мекашад. Қаблан дар тӯли чандин даҳсолаҳо рушд ва истиқрори силоҳи ҳастаӣ кафили амнияти миллии Амрико дониста мешуд.

Дар нишасти матбуотӣ дар Вошингтон вазири умури хориҷаи Амрико Ҳилларӣ Клинтон стратегияи навро марҳилаи муҳим номид. Вай гуфт, кишвараш шумора ва нақши ҷангафзорҳои ҳастаиро коҳиш дода, ба пешгирии густариши силоҳи ҳастаӣ ва ҷилавгирӣ аз терроризми атомӣ авлавият медиҳад.

Стратегияи нави ҳастаӣ ва Эрон

Хонум Клинтон ишора кард, ки сиёсати нав танҳо ба он кишварҳое дахл дорад, ки ба Аҳдномаи манъи густариши силоҳи атомӣ ҳамроҳ шудаанд ва бо шартҳои он мувофиқанд.

Вазири дифои Амрико Роберт Гейтс гуфт, агар Эрон ва Кореяи Шимолӣ барои ҳамлаҳои ҳастаӣ тасмим бигиранд, Амрико бар муқобили онҳо силоҳи атомӣ истифода хоҳад бурд. Вай афзуд, дар муқобили чунин кишварҳо ҳамаи интихобҳо рӯи миз боқӣ мемонад.

Як сол қабл Барак Обама дар Прага дидгоҳашро дар бораи ҷаҳони орӣ аз силоҳи ҳастаӣ муаррифи карда, ба хотимаи мафкураи Ҷанги сард даъват намуда буд.

Кохи сафед барномаи нави роҳбурдии ҳастаии миллии Амрикоро харитаи роҳи иҷрои тарҳи Обама дар бораи коҳиши хатари ҳастаӣ барои Амрико ва ҷомеаи ҷаҳонӣ номид.

Санади стратегияи нави ҳастаии Амрико дар остонаи имзои аҳдномаи нав миёни Амрикову Русия сурат мегирад, ки қарор аст 8 апрел дар шаҳри Прага имзо шавад ва теъдоди мушакҳои ҳастаии ҳарду кишварро коҳиш диҳад.
XS
SM
MD
LG