Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маҳви мошинҳои боркаши НАТО дар Покистон


Ҷангҷӯёни Толиб имрӯз бо ҳамла ба як истгоҳи мошинҳои боркаш дар шимолуғарби Покистон, ҳашт мошини сӯхтгиреро нобуд карданд, ки барои таъмини нерӯҳои НАТО дар Афғонистон истифода мешуданд. Шарифуллоҳ Вазир, як мақоми маҳаллӣ аз ноҳияи қабоилнишини Хайбар, ба хабаргузории “Франс Пресс” гуфтааст, даҳҳо ҷангҷӯи Толиб пеш аз бомдоди имрӯз ба рустои Захо Хел ҳамла карда ва мошинҳоеро хароб намуданд, ки баъди интиқоли сӯзишворӣ ба нерӯҳои НАТО ба Покистон баргаштанд. Ҳеҷ кас дар ин ҳамла осеб надидааст. Ағбаи Хайбар яке аз роҳҳои аслии таъмини нерӯҳои НАТО дар Афғонистон аст ва Толибон ҳам дар ин роҳ зуд-зуд ба мошинҳои таъминкунадаи нерӯҳои НАТО ҳамла мекунанд.
XS
SM
MD
LG