Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бан Кӣ Мун аз Тошканд хост, ҳуқуқи инсонро риоят кунад


Бан Кӣ Мун,дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, имрӯз аз Ӯзбакистон хост, ба ҳуқуқи инсон эҳтиром гузошта ва фазои сиёсии кишварро беҳтар кунад. Дар як суханроние дар донишгоҳи шаҳри Тошканд, Бан Кӣ Мун гуфт, Ӯзбакистон аҳдномаҳои байналмилалӣ дар мавриди манъи шиканҷа ва ҳуқуқи сиёсиро имзо кардааст ва ҳоло фурсати иҷро ва амалӣ кардани ин аҳдномаҳост. Бан Кӣ Мун ба ҳеҷ мавриди нақзи ҳуқуқ дар Ӯзбакистон ишора накард, аммо пештар аз ин Кумитаи ҳуқуқи башари Созмони Милал, Ӯзбакистонро интиқод кард ва хостори идомаи таҳқиқи саркӯбии бераҳмонаи ошӯбҳои Андиҷон дар соли 2005 шуд. Бан Кӣ Мун имрӯз бо раиси ҷумҳур Ислом Каримов мулоқот мекунад ва сипас вориди Тоҷикистон мешавад.
XS
SM
MD
LG