Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имрӯз Шатл ба кайҳон парвоз мекунад


Ожонси Фазонавардии Амрико киштии кайҳонии Дискавериро бо сӯхт пур мекунад, то он субҳи рӯзи душанбе ба вақти Амрико ба сӯи кайҳон партоб шавад. Дискаверӣ бо 7 сарнишини худ ба истгоҳи бйналмиллалии кайҳонӣ қисмҳои эҳтиётӣ ва таҷрибаҳои илмиро интиқол медиҳад. Ин яке аз 4 парвози боқимондаи киштии кайҳонист. Ожонси Фазонавардии Амрико ба нақша гирифтааст, ки ин барномаашро тирамоҳи соли ҷорӣ ба поён расонад. Рӯзи якшанбе ба сарнишинони истгоҳи байналмиллалии кайҳонӣ як амрикоӣ ва ду рус ҳамроҳ шуданд.
XS
SM
MD
LG