Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Натоиҷи сафари Э.Раҳмон ба Сингапур ва Бруней


Сафарҳои давлатии раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Сингапур ва Бруней- Доруссалом, ду кишвари пешрафтаи Осиёи ҷанубӣ-шарқӣ, ба поён расид. Тайи ин сафар бо Бруней 4 санад, бо шумули 2 созишномаи марбут ба ҷилавгирӣ аз молиётбандии такрорӣ ва сафарҳои бидуни раводид бо шиносномаҳои хидмативу дипломатӣ, ва аммо бо Сингапур ҳамагӣ як эъломия ва як ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ миёни вазоратхонаҳои умури хориҷӣ имзо шудааст.
Ин дар ҳолест, ки эҷоди шароит барои тавсиъаи ҳамкориҳо аз аҳдофи аслии ин ду сафари давлатӣ гуфта мешуд. Дар бораи тиҷорати хориҷии Тоҷикистон бо Бруней оморе дастрас нест, вале табодули молу коло миёни Тоҷикистону Сингапур дар соли гузашта ҳамагӣ 84 100 доллар ва дар ду моҳи аввали соли ҷорӣ 119 700 долларро ташкил додааст.
XS
SM
MD
LG