Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Шашгона" таҳримҳо алайҳи Эронро таҳия мекунад


Шаш кишвари олам дар мавриди таҳияи феҳристи нави таҳримҳо алайҳи Эрон, дар посух ба сарпечии ин кишвар аз қатъи ғанисозии ураниум, ба мувофиқа расиданд. Расонаҳои хабарӣ бо такя ба дипломатҳои рӯзи чаҳоршанбе дар гуфтушунидҳо дар Ню Йорк ҳузурдошта иттилоъ доданд, ки ахиран Чин ҳам розӣ шудааст то дар раванди таҳияи феҳристи таҳримҳои нав ширкат кунад.
Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷаи ИМА, изҳор намуд, ки машваратҳо дар мавзӯъи таҳримҳо алайҳи Эрон ҳафтаҳои наздик шурӯъ мешавад. Дар ин машваратҳо бояд тарҳи қатъномаи Шӯрои амнияти СММ таҳия бигардад. Ба гурӯҳи “шашгона” – панҷ кишвари узви доимии Шӯрои амнияти СММ - Британия, ИМА, Русия, Чин ва Фаронса ва ҳамчунин Олмон шомиланд.
XS
SM
MD
LG