Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парлумони Афғонистон пешниҳоди Карзайро рад кард


Парлумони Афғонистон имрӯз тарҳи қонунеро, ки ба раиси ин ҷумҳурӣ Ҳомиди Карзай ҳаққи назорати бештар бар фаъолияти як ниҳоди калидии интихоботиро медод, рад кард.

Маҷлиси поёнии парлумон пешниҳоди ба Карзай вогузор кардани салоҳияти таъйини се узви куммиссиюни панҷнафарии шикоёти интихоботиро напазируфт. Ин куммиссиюн мавориди тақаллуб дар интихоботҳои Афғонистонро назорат мекунад ва пирӯзии Ҳомиди Карзай дар даври аввали интихоботи моҳи августи гузаштаро лағв карда буд.

Қаблан раис ва ду узви ин ниҳодро СММ ва дуи дигарашро Додгоҳи олӣ ва куммиссиюни ҳуқуқи башари Афғонистон таъйин мекарданд. Вале дар моҳи феврал Ҳомиди Карзай бо судури як фармон ҳаққи таъйини ҳамаи 5 узви ин куммисиюнро ба дасти худ гирифт, вале баъдан розӣ шуд ду хориҷиро дар ҳайъати ин ниҳод бипазирад.
XS
SM
MD
LG