Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шӯро алайҳи манъи комили бурқаъ ҳушдор дод


Шӯрои давлатии Фаронса ба ҳукумати ин кишвар машварат додааст, ки пӯшидани бурқаъи исломиро комилан манъ накунад. Шӯрои давлатӣ ҳушдор дода, ки қарори манъи комили ҳиҷобпӯширо метавонанд ба додгоҳ бикашонанд ва он ҳам дар ҳоле ки ин тасмим заминаи ҳуқуқӣ надорад.
Вакилони парлумон аз ҳизби раисиҷумҳур Никола Саркозӣ аммо гуфтаанд, ки мехоҳанд пӯшидани бурқаъро комилан манъ кунанд. Баррасии тарҳи ин қонун, қарор аст, дар ҳафтаҳои наздик оғоз шавад.
XS
SM
MD
LG