Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия ба Осетияи ҷанубӣ 191 миллион $ медиҳад


Русия барои эҳдоси зербинои лозим барои Осетияи ҷанубӣ, вилояти ҷудоиталаби Гурҷистон 191 миллион доллар ҷудо мекунад. Муовини вазири рушди минтақаҳои Русия Роман Панов ба хабаргузории “Новости” гуфт, ин маболиғ барои тармими роҳҳо ва шабакаҳои обрасонӣ дар пойтахти он минтақа, шаҳри Схинвалӣ, ҳамчун ба манзури эҳдоси лӯлаҳои газ ва иҷрои тарҳҳои дигар масраф хоҳад шуд. Русия дар моҳи августи соли 2008 бар сари Осетияи ҷанубӣ бо Гурҷистон вориди ҷанги кӯтоҳ шуд ва ин минтақа ва ҳамчунин, Абхозистон, боз як минтақаи дигари ҷудоиталаби Гурҷистонро ишғол кард. Ба дунбол, Маскав истиқлолияти ҳарду вилояти ҷудоиталабро ба расмият шинохт.
XS
SM
MD
LG