Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Э.Раҳмон ба Сингапуру Бруней рафт


Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз бо нахустин сафарҳои давлатӣ озими Сингапур ва Бруней-Доруссалом, ду кишвари Осиёи ҷанубиву шарқӣ шуд. Оқои Раҳмонро дар ин сафар чанде аз вузарои аршади ҳукумат ва гурӯҳе аз соҳибкорони тоҷик ҳамроҳӣ мекунанд.
Дар бораи табодули молу коло миёни Тоҷикистон ва салтанати Бруней омори расмие дастрас нест, вале тиҷорати Душанбе бо Сингапур соли гузашта ҳамагӣ 84 100 доллар, вале тайи ду моҳи аввали соли равон алакай наздики 120 000 доллари амрикоиро ташкил додааст.
XS
SM
MD
LG