Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати се шаҳрванди Тоҷикистон дар таркишҳои Маскав


Сафорати Тоҷикистон дар Русия кушта шудани се шаҳрванди Тоҷикистон дар таркишҳои рӯзи 29-уми март дар метрои Маскавро таъйид кардааст.

Шоҳини Самад, сухангӯи сафорати Тоҷикистон дар Маскав гуфт, ҳуввияти се шаҳрванди кушташудаи Тоҷикистон дар таркишҳои Маскав мушаххас шудааст.

Аз ҷумла, бар асри инфиҷорҳо Абдураҳмонов Умед Ҳасанович, соли таваллудаш 1986, сокини ноҳияи Вахш, Қаршиев Нодирбек Очилдиевич, соли таваллудаш 1986 ва Эшназаров Исломҷон Камолович, соли таваллудаш 1985, ҳарду сокини ноҳияи Турсунзода, кушта шудаанд.

Шоҳини Самад, сухангӯи сафорати Тоҷикистон дар Маскав бо тайиди ин хабар гуфт, ҳамчунин як шаҳрванди дигари Тоҷикистон, Назаров Ориё Ёсинович сокини шаҳри Душанбе, ки бар асари таркиш захмӣ шудааст, дар бемористон ба сар мебарад.

То кунун шахсияти бархе дигар аз кушташудагон ва маҷрӯҳони ҳодисаҳои рӯзи 29-уми марти метрои Маскав ношинохта боқӣ мондааст ва ба ин далел эҳтимоли дар миёни онҳо вуҷуд доштани шаҳрвандони дигари Тоҷикистон низ баъид дониста намешавад.

Шоҳини Самад гуфт, хабари кушта шудани ду шаҳрванди Тоҷикистон аз сӯи мақомоти Русия дар ихтиёри сафорати Тоҷикистон қарор дода шудааст, вале ҷасади як нафари дигари кушташударо худи кормандони сафорат ҳини ҷустуҷӯ дар сардхона шиносоӣ кардаанд.

Шоҳини Самад, сухангӯи сафорати Тоҷикистон дар Русия гуфт, дар ҳоли ҳозир масъулини сафорат талош доранд, аҷсоди шаҳрвандони кушташудаи Тоҷикистонро ба Ватан бифиристанд.

Субҳи рӯзи 29 март дар метрои Маскав ду таркиши пайдарпай рух дод, ки бар асари он, бино ба омори расмӣ 38 нафар кушта ва 72 нафар ҳам маҷрӯҳ шудаанд.


После теракта в метро "Лубянка"
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:44 0:00
Линки мустақим
XS
SM
MD
LG