Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазирони G-8 таркишҳо дар Маскавро маҳкум карданд


Вазирони умури хориҷаи 8 кишвари пешрафтаи саноатии олам таркишҳо дар метрои Маскавро шадидан маҳкум карданд. Дар нишасти вазирони хориҷаи G-8 дар шаҳри Гатинои Канада изҳороте пазируфта шуд, ки дар он ба пайвандони қурбониёни ҳодиса изҳори ҳамдардӣ шудааст. Вазири умури хориҷаи Канада Лоуренс Кэннон аз номи ҳамтоҳои худ изҳор намуд, ки “муҷримон дар ин ҳамлаҳо бояд ҳатман муҷозот шаванд”. Ӯ афзуд, ки кишварҳои “ҳаштгона” ҳамкорӣ бо Русия дар мубориза бо терроризм ва ба хотири таъмини амнияти мардум дар сартосари оламро идома хоҳанд дод.
XS
SM
MD
LG