Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамла ба паноҳгоҳи Толибон дар Покистон


Як ҳавопаймои бидуни сарнишини Амрико бо партоби мушаке дар шимолуғарби Покистон чаҳор нафарро куштааст. Ба гуфтаи манобеъи иттилоъотии Покистон, ин чаҳор нафар дар як маҳалли наздик ба марзи Афғонистон, дар паноҳгоҳҳои ҷарнгҷӯёни Ал-Қоида ва Толиб кушта шудаанд. Бар асари ҳамла ба ноҳияи Мир Алӣ ҳамчунин панҷ нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд. Шаҳри Вазиристони Ҷанубӣ дар Покистон, як паноҳгоҳи амни ҷангҷӯёни вафодор ба Ҳофиз Гул Баҳодур як фармондеҳи Толибони Покистон маҳсуб мешавад. Ӯ як шарики Ал-Қоида ва Толибони Афғонистон аст.
XS
SM
MD
LG