Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

НАТО барои "Чатри амниятӣ" аз Русия кӯмак хост


Андерс Фог Расмуссен-Дабири Кулли паймони НАТО гуфт, ки кишварҳои Аврупо, аз ҷумла Русия ҳангоми ҳамлаи мушакии кишварҳои саркаш ба "чатри бузурги амниятӣ" ниёз доранд. Вай ин нуктаро дар конфронси кишварҳои узви ин паймон имрӯз дар Бруссел изҳор дошт. Шикаткунандагони ин конфронс аслан мехостанд дар остонаи мулоқотии раҳбарони кишварҳоли НАТО дар моҳи ноябр роҷеъ ба иҷоди сипари зиддимушакӣ дар Аврупо ба тавофуқ даст ёбанд. Дабири Кулли НАТО зимни суханони худ аз Русия хост, ки дар иҷоди чунин "Чатри амниятӣ" кӯмак кунад, зеро хатари ҳастаӣ аз сӯи кишварҳои саркаш, аз қабили Эрон афзоиш ёфтааст
XS
SM
MD
LG