Вай ин нуктаро дар конфронси кишварҳои узви ин паймон дар Брюссел изҳор дошт. Ширкаткунандагони ин конфронс аслан мехостанд дар остонаи мулоқоти раҳбарони кишварҳои НАТО дар моҳи ноябр роҷеъ ба эҷоди сипари зиддимушакӣ дар Аврупо ба тавофуқ даст ёбанд. Дабири кулли НАТО зимни суханони худ аз Русия хост, ки дар эҷоди чунин "чатри амниятӣ" кӯмак кунад, зеро хатари ҳастаӣ аз сӯи кишварҳои саркаш, аз қабили Эрон, афзоиш ёфтааст.
Расмуссен гуфт, паймони НАТО ба тағйироти куллӣ ниёз дорад ва агар Русия мехоҳад аҳолии худро аз ҳамлаҳои эҳтимолӣ ҳимоят кунад, ба ин систем ворид шавад. Вай афзуд, аслиҳаи ҳастаӣ бо суръат густариш меёбад ва хатари ҳамлаҳои террористӣ низ афзудааст. Беш аз 30 кишвар ҳоло тавононии мушакии худро боло мебаранд. Расмуссен мегӯяд, ҳоло мушакҳои Эрон метавонад то ба Аврупо ва ба як қисми қаламрави Русия бирасад. Барои ҷилавгирӣ аз чунин хатар Расмуссен кишварҳои узвро ба ҳамкориҳои бештар бо маҳофили байналмилалӣ, қабл аз ҳама бо Амрико ва Русия, даъват кард.
Дабири кулли паймони НАТО аз ширкаткунандагони конфронси Брюссел хост, то онҳо дар рӯзи баргузории мулоқоти раҳбарони кишварҳои узви НАТО дар моҳи ноябр роҷеъ ба эҷоди сипари зиддимушакӣ дар Аврупо ба тасмими муқаддамотӣ даст ёбанд. Ин даъвати Расмуссен дар ҳоле садо дод, ки Барак Обама ва Дмитрий Медведев дар бораи такмили Аҳдномаи коҳиши аслиҳаи стротежӣ ё START ва имзои он ризояти худро изҳор доштанд. Раҳбари НАТО низ аз омодагии аҳдномаи миёни Амрикову Русия барои имзо истиқбол кард ва гуфт, имзои ин аҳднома амнияти сайёраро беҳбуд мебазшад ва Русияро ба ҳамкориҳои бештар бо НАТО ташвиқ мекунад.
Баъд аз ҷанги моҳи августи соли 2008 миёни Русияву Гурҷистон муносиботи НАТО бо Русия сард шуда буд. Вале баъд аз талошҳои давлати Обама барои аз сар гирифтани муносибот беҳбудӣ мушоҳида мешавад. Бо вуҷуди ин фог Расмуссен дар суханони худ таъкид кард, ки Русия сипари зиддимушакиро на чун хатар ба Русия, балки бояд василаи дифоъ аз Русия бишносад.