Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Норизоятии соҳибкорони тоҷик аз созмонҳои хориҷӣ


Тавре, ки хабаргузории "Авеста" иттилоъ медиҳад, анҷумани соҳибкорони Тоҷикистон бар зидди бетафовутии созмонҳои бйналмиллалӣ нисбат ба таваққуфи вагонҳои бору колои Тоҷикистон дар қаламрави Ӯзбекистон изҳори норизоятӣ кардааст. Ширкаткунандагон гуфтаанд, созмонҳои байналмиллалӣ дар чунин шароит мавзеъгирии бетарафона нишон додаанд. Соҳибкорон изҳори нигаронӣ кардаанд, ки таваққуфи колои онҳо дар қаламрави Ӯзбекистон зарари зиёди молӣ овардааст. Дар поёни ҳамоиши худ анҷумани соҳибкорон ба нишонии созмонҳои байналмиллалии муқими Тоҷикистон, сафоратхонаҳои кишврҳои хориҷӣ барои ҳамкорӣ дар ҳали ин масъала муроҷиатномаи муштарак имзо карданд.
XS
SM
MD
LG