Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳмон ва Аҳмадинежод ҳамкориҳоро баррасӣ карданд


Раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз Эрон хост, ки дар кори конфронси байналмиллалии "Об барои ҳаёт" ширкати фаъол дошта бошад. Ин конфронс моҳи июни соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад. Эмомалӣ Раҳмон-раиси ҷумҳури Тоҷикистон ин нуктаро дар мулоқоташ бо Маҳмуди Аҳмадинежод-раиси ҷумҳури Эрон баён дошт. Дар мулоқот ҳамчунин тарҳҳои ҳамкории миёни ду кишвар баррасӣ шуд. Ҷонибҳо сохтмони роҳи Панҷи Поён-Пули Хумрӣ-Мазори Шариф-Ҳирот-Машҳадро низ баррасӣ карданд. Ҷониби Эрон таъйид кард, ки барои такмили корҳои сохтмонӣ дар нақби Истиқлол ё Анзоб 5 миллион доллар ихтисос додааст ва таҳияи тарҳи сохтмони ду ниругоҳи хурди барқи обӣ дар Шӯроб ва Айнӣ идома дорад. Раиси ҷумҳури Тоҷикистон барои ширкат дар маросимҳои наврӯзӣ дар Эрон қарор дорад. Ҷашни Наврӯз дар Шероз баргузор мешавад.
XS
SM
MD
LG