Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тазоҳуроти донишҷӯёни Термез бар зидди Тоҷикистон


Тақрибан 1000 нафар донишҷӯён ва устодони донишгоҳи шаҳри Термези Ӯзбекистон бар зидди нақшаҳои Тоҷикистон дар бораи тавсеаи корхонаи тавлиди алюмин тазоҳурот анҷом доданд. Онҳо гуфтанд, ки гарди ин корхонаи бузург ба қаламрави кишвари онҳо мегузарад ва аз он муҳити зисти Сариосиё, Узун, Денав ва амсоли он осеб мебинад ё бемориҳои мухталиф пайдо мешавад. Корхонаи алюмини Тоҷикистон соли 1975 сохта шудааст ва ҳоло он Ширкати алюмини тоҷик ё Талко ном дорад. Тазоҳурот дар ҳоле анҷом гирифтааст, ки Ӯзбекистон тақрибан 1000 вагони ҳомили бору колоҳои Тоҷикистонро дар қаламрави худ барои идомаи ҳаракат ба сӯи Тоҷикистон иҷоза намедиҳад.
XS
SM
MD
LG