Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

НЛО-ро бачаи Хуҷандӣ ба навор гирифтааст


Бино ба иттилои хабаргузориҳо, Бахтиёр Хуршедзод-хонандаи синфи 9-ӯми яке аз мактабҳои шаҳри Хуҷанд 22-юми март 50 сония дар телефони ҳамроҳи худ ҷисми номаълуми парвозкунанда ё НЛО-ро дар осмони шаҳри Хуҷанд ба навор гирифтааст. Ин яке аз наворҳои нодир дар ҷаҳон ба шумор меравад ва дар муддати кӯтоҳ бисёре аз нашрияҳо ва сомонаҳои нтернетии ҷаҳонӣ аз он намуна бардоштанд. Ба гуфтаи Бахтиёр Хуршедзод , ин ҷисми номаълум дар оғоз хеле оҳиставу бесадо парвоз кардааст ва ранги сурх доштааст. Атрофи онро нурҳои сафед иҳота кардаанд. Вале баъд аз муддате ин ҷисм якбора бо суръати баланд аз назарҳо ғайб задааст. Аҳолии маҳалии Хуҷанд низ парвози ин ҷисмро мушоҳида кардаанд ва мегӯянд, чунин чизеро бори аввал надидаанд. Соли 1990 низ онҳо ҷисми парвозкунандаро мушоҳида кардаанд, вале аз он наворе ё аксе боқӣ намондааст.
XS
SM
MD
LG