Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Посухи расмии Бонки ҷаҳонӣ ба Узбакистон


Бонки ҷаҳонӣ дар як номаи расмӣ ба ҳукумати Узбакистон мавқеъи ин ниҳоди молии ҷаҳонӣ дар мавриди ташхиси байналмилалии тарҳи нерӯгоҳи Роғунро шарҳ додааст. Дар паёми Филлип Лу Эйру, ноиби раиси Бонки ҷаҳонӣ дар умури Аврупо ва Осиёи Марказӣ, ки “Правда Востока”, як рӯзномаи расмии Узбакистон нашр кард, омадааст, ки Бонки Ҷаҳонӣ масъалаи сармоягузорӣ ва ширкат дар сохтмони ин нирӯгоҳро баъди натиҷаҳои ташхиси фарогири тарҳи Роғун баррасӣ хоҳад кард. Бонки ҷаҳонӣ ва Тоҷикистон рӯзи 12 март дар мавриди рушди соҳаи энержии Тоҷикистон як ёддошти тафоҳум имзо карданд, ки масоили марбут ба ташхиси тарҳи нерӯгоҳи Роғунро низ дар бар мегирад. Бонки ҷаҳонӣ гуфтааст, як гурӯҳи коршиносонаш ба манзури мушоҳида ва арзёбии сохтмони Роғун барои як ҳафта, аз 20 то 27 апрел, ба Тоҷикистон сафар хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG