Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама ва Медведев тарҳи паймонро ниҳоӣ хоҳанд кард


Руасои ҷумҳуриҳои Амрикову Русия Барак Обама ва Дмитрий Медведев ба такмили пешнависи паймони нави коҳиши таслиҳоти стротежӣ, ки ду даҳсолаи ояндаро фаро хоҳад гирифт, наздиктар шудаанд. Сухангӯи Кохи Сафед Роберт Гиббс гуфт, ду раҳбар дар як сӯҳбати телефонӣ, ки рӯзҳои наздик бояд доир шавад, тарҳи ин паймонро ниҳоӣ хоҳанд кард.
Паймони ҷадид ҷойгузини паймони соли 1991 имзошудаи START хоҳад шуд. Қарор аст, расми имзои паймони нави коҳиши таслиҳот рӯзи 8 апрел дар Прага баргузор шавад.
XS
SM
MD
LG