Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тавофуқи Амрико ва Русия барои коҳиши силоҳҳои стратегӣ


Русия ва Амрико ҳама ихтилофи назар дар робита ба таҳияи созиши нави коҳиши силоҳҳои стратегиро аз байн бурдаанд ва қарор аст, аввалҳои моҳи оянда дар маросиме дар шаҳри Прага зери ин санад имзо гузоранд.

Хабаргузории Ассошейтед Пресс бо такя ба як мансабдори воломақоми Кремл хабар дод, ҳама нуктаҳои созиши нав, ки ҷойгузини созиши коҳиши силоҳи стратегӣ мавсум ба СТАРТ мешавад, ҳамоҳанг карда шуданд. Хабаргузорӣ иттилоъи як мақоми аршади ҳукумати Амрикоро низ овардааст, ки бар пояи он, дар бораи хатми таҳияи санад рӯзи ҷумъа хабар дода мешавад.

Дар ҳамин ҳол Кохи Сафед фақат эълом дошт, ки ҷонибҳо ба таҳияи комили санад наздик омадаанд. Аммо, ба гуфтаи сухангӯи Кохи Сафед, Роберт Гиббс, гуфтушунид дар робита ба созиши нав ҳанӯз анҷом наёфтааст.

Ӯ афзуд, “ман фикр мекунам, ки мо барои расидан ба созиши СТАРТ наздик шудаем. Вале то замоне, ки раисиҷумҳур Обама ва ҳамтои ӯ Медведев шонси гуфтугӯи дубора пайдо накунанд, мо ин санадро дар даст нахоҳем дошт”.

Созишнома имзо хоҳад шуд. Аммо кай?

Андрей Нестеренко, сухангӯи вазорати умури хориҷии Русия имрӯз тайид кард, ки санад дар шаҳри Прага имзо хоҳад шуд, аммо рӯзи имзои созишро фақат Дмитрий Медведев ва Барак Обама муқаррар хоҳанд кард.

Ӯ гуфт, “дар робита ба санаи имзои санад бояд гуфт, ки дар ин бора созиши расмӣ ҳосил нашудааст. Тасмим дар ин бора фақат аз сӯи руасои ҷумҳуриҳои Русия ва ИМА гирифта мешавад. Ва онҳо ният доранд, ки ин корро дар мӯҳлати наздиктарин анҷом диҳанд”.

Бо имзои созиши нави коҳиши силоҳи стратегӣ музокироти тулониии мақомоти Русия ва Амрико поён меёбад. Ҳадс зада мешуд, ки ҷонибҳо ҳамоҳангсозии ин санадро то моҳи декабри соли гузашта, яъне то поёни мӯҳлати татбиқи созиши қаблӣ анҷом хоҳанд дод.

Моҳи апрели соли гузашта Барак Обама ва Дмитрий Медведев дар бораи имзои созиши нави коҳиши силоҳи стратегӣ тасмим гирифтанд ва баъд аз се моҳ теъдоди силоҳи стратегиеро, ки аз байн бурда мешавад, мушаххас намуданд. Ҷонибҳо дар мавриди аз 2200 то 1600 адад коҳиш додани кӯлоҳакҳои ҳастаӣ ва аз 1600 то 800 адад кам кардани мушакҳои стратегӣ мувофиқа ҳосил кардаанд.

Коршиносон ҳадс мезананд, ки маросими имзои санад дар пойтахти ҷумҳурии Чех шояд рӯзи 8 апрел баргузор шавад. Онҳо ба он нукта ишора мекунад, ки рӯзҳои 6 ва 7 апрел сафари Дмитрий Медведев ба Словакия, кишвари ҳамсояи Чехия, тарҳрезӣ шудааст.

Барак Обама бошад рӯзҳои 11 ва 12 апрел мизбони як нишасти байнулмилалӣ оид ба таъмини амнияти ҳастаӣ дар Вошингтон бо ширкати сарони 44 кишвари олам хоҳад буд ва имзои созиш бо Русия то ин рӯз барои ӯ айни муддаъо хоҳад буд.

Коҳиши зарродхонаи ду кишвар ва афзоиши нигарониҳо аз Эрон

Омодагиҳо барои имзои созиши нав дар бораи коҳиши силоҳи ҳастаӣ дар ҳоле идома дорад, ки Вошингтон ҳарчӣ бештар барои дар Шӯрои амнияти СММ баррасӣ шудани мавзӯъи ҷорӣ кардани таҳримҳои шадидтар алайҳи Эрон пойфишорӣ мекунад.

Мақомоти ИМА мегӯянд, ки Теҳрон имкон дошт аҳдофи осоишта доштани барномаи ҳастаии худро собит кунад ва ҳамчунин аз ғанисозии ураниум дар кишвар даст бардорад. Аммо мақомоти Эрон пешниҳоди ҷомеъаи байнулмилалӣ, аз ҷумла, пешниҳоди дар хориҷи кишвар ғанӣ сохтани ураниуми Эрон ва ба кишвар ҳамчун маводи сӯхт баргардонидани онро, нодида гирифтанд.

Вошингтон эълом дошт, ки косаи сабраш лабрез шудааст. Ба назар мерасад, ки зери фишори дигар давлатҳо Русия, яке аз пуштибонҳои аслии Эрон ва барномаи ҳастаии ин кишвар, мавқеъяшро тағйир додааст. Аз нигоҳи Маскав, Теҳрон шонси намоиши аҳдофи сулҳомез доштани барномаи ҳастаияшро аз даст додааст.

Вале ҳанӯз маълум нест, ки Маскав аз таҳримҳои нав алайҳи Эрон пуштибонӣ хоҳад кард ё на. Ҳафтаи гузашта, ҳангоми сафари Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷии ИМА ба мақомоти Русия аз ибрози назар дар мавриди пуштибонии бечуну чаро пешниҳоди Вошингтон барои ҷорӣ кардани таҳримҳои шадидтар алайҳи раҳбарони Эрон худдорӣ карданд.

XS
SM
MD
LG