Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷашнвораи филмҳои туркӣ дар Ереван


Як созмони ғайридавлатии Арманистон барои дуввумин бор дар шаҳри Ереван ҷашнвораи филмҳои туркиро баргузор мекунад. Ба иттилоъи бахши армании Радиои Озодӣ, Маркази қафқозии ибтикороти сулҳ, ин ҷашнвораро чун як бахши талошҳо барои мусоидат дар хатми низоъ миёни Туркия ва Арманистон арзёбӣ кардааст. Ҷашнвора, ки се рӯз идома хоҳад кард, аз сӯи сафорати Бритониё дар Ереван сармоягузорӣ мешавад ва дар чаҳорчӯби он филмҳои ҳунарӣ, мустанад ва тасвирии таҳиягарони турк ба маърази намоиш гузошта хоҳад шуд.
Маркази қафқозии ибтикороти сулҳ як сол пеш барои нахустин бор ҷашнвораи филмҳои туркиро доир карда буд. Ин марказ моҳи октябри соли гузашта дар Ереван ҳамин гуна ҷашнвораи филмҳои озарбойҷониро низ баргузор намуд.
XS
SM
MD
LG