Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 2 аскари НАТО ва 2 сарбозу 3 пулиси афғон


Бар асари бомбгузориҳо дар ҷануби Афғонистон ду сарбози НАТО ва ду миначини афғон кушта шуда, се афсари пулиси Афғонистон дар як задухӯрд бо ҷангиёни толиб ҷон бохтаанд. НАТО мегӯяд, сарбозонаш дар натиҷаи таркиши бомби роҳ ҳалок шуданд. Ду рӯз пеш таркиши чунин бомб дар вилояти Урузгон ду миначини афғонро кушта ва дуи дигарро захмӣ ба ҷо гузошт. Се маъмури пулис шаби сешанбе бар асари шабехуни чирикиҳои толиб ба як посгоҳи пулис дар вилояти Ғазнӣ кушта шуданд. Хайёлбоз Шерзай, раҳбари пулиси вилоят гуфтааст, дар ин даргирӣ ду ҷангӣ низ ба ҳалокат расиданд.
XS
SM
MD
LG