Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

2 уйғуртабори чиноӣ аз Гуантанамо раҳо шуданд


Ду чиноии уйғуртабор аз боздоштгоҳи низомии Амрико дар Гуантанамои Куба раҳо ва ба баъд аз дарёфти паноҳандагӣ вориди Шветсария шуданд. Тибқи изҳороти ҳукуматӣ ин ду нафар, ки аз онҳо ном бурда намешавад, шоми рӯзи сешанбе ба Шветсария расидаанд. Моҳи гузашта вақте, ки Шветсария ба таври расмӣ дар бораи додани ҳақи паноҳандагӣ ба ин ду нафар тасмим гирифт, Чин ҳушдор дод, ки чунин иқдом равобити Чин ва Шветсарияро халалдор хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG